Дар аҳди Соҳибов: Кашмакаши “Сементи тоҷик” бо “Эгап” бо созиш анҷомид
Ширкати “Сементи тоҷик”, ки феълан роҳбарияшро Зайнулло Соҳибов, додари Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба уҳда дорад, баъди кашмакашҳои тӯлонӣ бо ширкати “Эгап”-и чехӣ созиш кардааст.
Баҳси қарздории ширкати “Сементи тоҷик” аз ширкати чехӣ, ки таърихи беш аз 10-сола дорад, ба иттилои манобеи “Озодагон” дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо созиш анҷом ёфтааст. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бар асоси созишномае, ки ахиран миёни роҳбарияти ҶСК «Сементи Тоҷик» ва ҶС «Эгап»-и Ҷумҳурии Чехия ба имзо расид, ҷадвали пардохти қарз низ тасдиқ карда шуда, бар асоси он “Сементи тоҷик” маблағҳоро ба ҷониби Чехия пардохт хоҳад кард.
Қазияи қарзи беш аз 2 миллиондолларии “Сементи тоҷик” аз ширкати чехӣ аз он оғоз шуд, ки корхонаи Тоҷикистон соли 2004 барои хариди таҷҳизоти нав бо Бонки содиротии Чехия барои гирифтани 10 миллион доллар созишнома имзо кард ва нисфи он – 5 миллион долларро дастрас намуд. Аммо бинобар мушкилоти марбут ба гази Узбакистон ва фаъолияти номуназзам “Сементи тоҷик” натавонист уҳдадориҳояшро иҷро кунад ва аз ин рӯ нисфи дигари қарз ба корхонаи тоҷикистонӣ дода нашуд. Дар баробари ин ҷониби Чехия дар бозпас гирифтани қарзҳои қаблияш низ ба мушкилот рӯбарӯ шуд ва “Эгап” ширкати кафили қарордод, ҳатто эълон кард, ки алайҳи “Тоҷиксемент” ба додгоҳ муроҷиат кардааст.
Аммо дар пайи тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар “Тоҷиксемент” ҳукумати Тоҷикистон муваффақ шудааст, ки қазияро ҳал кунад. Ахиран ҳукумати Тоҷикистон ба оинномаи корхонаи “Тоҷиксемент” тағйирот ворид карда, номи онро ба “Сементи Тоҷик” иваз намуд.
Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон дар корхонаи “Сементи тоҷик” Шӯрои назоратӣ таъсис ёфт, ки фаъолияти корхонаро назорат хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон теъдоди аъзои Шӯрои назоратиро на кам аз 7 нафар муайян карда, таъкид намудааст, афроде, ки дар ҷиноят ё ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии марбут ба иқтисодиёт даст доранд, наметавонанд, узви Шӯро гарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |