Роҳхати Комроншоҳ ба Олимпиадаи Бразилия
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё мақоми аввалро ба худ ихтисос дод ва соҳиби роҳхат барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 (Рио-де-Жанейрои Бразилия) гардид.
Устопириён баъд аз Дилшод Назаров дуюмин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхати олимпиадаи Бразилияро соҳиб мешавад.
Паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи дзюдои Осиё дар вазни 90 кило Иёл Салмон Ҳамад (Урдун), Автар Сингҳ (Ҳиндустон), Шералӣ Ҷӯраев (Узбакистон) ва Юсуке Кобаяши (Ҷопон)-ро мағлуб сохта, нишони тиллоро ба гардан овехт.
Ин мусобиқа 15 ва 16 апрел дар пойтахти Узбакистон -- шаҳри Тошканд бо ҳузури 233 варзишгар аз 31 кишвар баргузор гашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |