Зуҳуров баъди таҷлили 62-солагияш ба Маскав меравад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки имрӯз, 16 апрел 62-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад, як рӯз баъд бо сафари корӣ ба Маскав хоҳад рафт.
Дар ин бора ба "Озодагон" Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода, афзуд, ки сафари Зуҳуров бо Маскав ба даъвати Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Руссия ва Чонг Уй Хвар, раиси Маҷлиси миллии Корея рӯзи 18 апрел сурат мегирад: “Дар Маскав Зуҳуров дар машварати якуми раисони парламентҳои АвруОсиё иштирок мекунад”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилони Маҷлиси намояндагон- Олимҷон Салимзода, Садриддин Шарипов ҳамроҳӣ хоҳанд кард: “Нишаст то 20 апрел идома ёфта, дар он сарони парлумонҳои кишварҳои Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Камбоҷа, Муғулистон, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Русия, Таиланд, Филиппин, Ҷумҳурии Чехия ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард”.
Муҳамадато Султонов афзуд, ки дар доираи ин сафар Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Ховари миёна ва Федератсияи Руссия мулоқот менамояд.
Шукурҷон Зуҳуров,ки барои бори дуюм раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд, имрӯз, 16 апрел зодрӯз дорад. Ӯ 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омада, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз муҳандис — заминсоз сар карда, то мақоми вазирӣ фаъолият намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |