Овозхони маъруфи эронӣ, ки алъон дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА ба сар мебарад, баъд аз зӯҳри дирӯз ба Тоҷикистон омад.
Тибқи иттилои Марҳабо Азизова, масъули барномаи консертии Муин, сарояндаи эронӣ рӯзи 22-уми май дар толори Кохи Борбад барои мухлисону ҳаводоронаш барномаи консертӣ доир мекунад. Дар ин сафар овозхони эрониро чор нафар мутрибон ва навозандагони гурӯҳаш ҳамроҳӣ доранд. Маврид ба ёдоварист, сарпарастии барномаи консертии Муинро ширкати мобилии «Tcell»- и Тоҷикистон ба зимма дорад. Ду сол қабл аз ин, дар моҳи июни соли 2009, Муин ба Тоҷикистон омада, консерти худро дар Кохи Борбад баргузор карда буд. Миёни ҳаводорони садои Муин албомҳои ӯ, аз қабили "Ҳавас", "Орзу", "Бибигул", "Гулҳои ғурбат", "Субҳат ба хайр, азизам", "Мусофир", "Панҷара", "Парвоз", "Тулӯъ" ва "Ҳамдам" шӯҳрати хосаро касб кардаанд.
Мӯҳр