Саидмурод Ортиқов, истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар қотили модарарӯсаш шудааст.
Номбурда ба шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш ба хонаи падарарӯсаш омода, бо аъзоёни ин хонавода муноқиша мекунад.Зимнан, бо корди ошхона мусаллаҳ гашта, ба падарарӯсаш Гардулло Ғуломови 53-сола, Хосият Ғуломоваи 51-сола ва Ҳикматулло Ғуломови 25-солаву ҳамсари ӯ Ҳикоят Ғуломова ҳуҷум мекунад. Тибқи иттилои сардори маркази матбуотии ВКД Маҳмадулло Асадуллоев 4 нафар ҷароҳатбардоштагон ба касалхона бо захмҳои гуногуни ҷисмонӣ интиқол ёфтаанд.Баъдан дар беморхона Хосият Ғуломова ба ҳалокат мерасад. Ҷинояткор бошад, пас аз ин моҷаро гулӯи худро бо шишапора бурида дар беморхона бистарӣ гардидааст. Айни замон дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр