Бахшҳо
15 апр 2016 16:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вируси шаҳвонӣ дар бахши тоҷикистонии Фейсбук

Корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон аз зуҳури вируси шаҳвонӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ хабар доданд, ки мунҷар ба шикасти саҳифаҳои шахсӣ мегардад.

Бархе аз корбарони Фейсбук дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки вируси шаҳвонӣ дар шакли паёмаки шахсӣ аз дӯстони фейсбукӣ ворид мегардад: “Паёмак дар шакли пайванди видеоӣ ворид мегардад. Агар корбар ба ин пайванд зер кунад саҳифаи шахсияш шикаста хоҳад шуд ва ӯ идораи саҳифаашро аз даст хоҳад дод. Дар натиҷа аз саҳифаи ӯ ба суроғаи дӯстони дигараш вирус равон мегардад”.

Корбарони ҷабрдидаи фейсбук мегӯянд, дар пайванди видеоие, ки мунҷар ба шикасти саҳифаашон шудааст, ҳеч нишоне аз шаҳвонӣ будани он нест: “Ин танҳо баъди зер кардани пайванд маълум мешавад, ки он гоҳ дер хоҳад буд”. Аз корбарони фейсбук дар Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки аз зер кардани пайвандҳои шубҳаовари видеоӣ, ки аз номи дӯстон ба саҳифаи шахсияшон ворид мегарданд, худдорӣ намоянд.

Чунин як вирус соли 2014 низ бисёре саҳифаҳои корбарони фейсбукро дар кишварҳои ИДМ фаро гирифт. Он гоҳ маъмурияти Фейсбук ба корбарони шабакаи иҷтимоӣ маслиҳат дод, ки нармафзори Google Chrome ва YouTurn-ро лағв кунанд. Барои ин бояд ба бахши “настройки” ворид шаванд ва аз зерменюи «Дополнительные настройки» менюи «Расширения» ва “удалить расширение”-ро интихоб кунанд.
Мӯҳр
Маслихат
Дуои Эшони Нуриддину курхати Хочи Мирзо кати вируса пешашро гирифта мешудаст агар ин хам таъсир накард аз Кабири пурсед масхарахо

Маслихат,
хато каред бародар шумо худатон вирусед ба точикистони азизамон шумон гум шавед вирусхоро бо худ мебаред

Маслихат,
"Мастлихат" !!!
Ин навиштахоят чи маъно дорад? Намешавад ,ки нисбати мавзуъ акида ё фикратро баён мекарди?
Олимони машхури ватанро масхара накун!
Адабгохи мухаббат нозу шухи бар намедорад.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)