Тамдиди муҳлати сабти асноди довталабон дар Маркази миллии тестӣ
Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, муҳлати бақайдгирии ҳуҷҷатҳои довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимии кишварро барои ду ҳафта тамдид кардааст.
Қаблан, ин Марказ эълон карда буд, муҳлати сабти асноди довталабон 15 апрел ба анҷом мерасад. “Бо назардошти дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ва серодаму зиёд будани навбат дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати бақайдгирӣ то 30 апрел дароз карда шуд”,-иттилоъ доданд аз ин ниҳод.
Манбаъ мегӯяд, тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз 16 то 30 апрел даври аввали азнавбақайдгирии довталабон баргузор мешавад: “Вобаста ба ин, дар давраи аз 16 то 30 апрел раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад”.
Маркази миллии тестӣ мегӯяд, довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия ё маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд, ки қаблан дар он сабти ном шудаанд: “Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ 20 сомонӣ муқаррар карда шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |