Намоишгоҳи “Рангҳои биҳишт”-и Тоҷикистон аз коллексияи Вербитская
Юлия Вербитская, коллексионери маъруфи рус дар осорхонаи “Восток”-и Маскав осори наққошони Тоҷикистонро ба намоиш гузоштааст.
Намоишгоҳ имрӯз, 15 апрел зери унвони “Рангҳои биҳишт: Наққошиҳои Тоҷикистон аз коллексияи Юлия Вербитская” ба кори худ оғоз кардааст. Тибқи иттилои баргузоркунандагон дар намоишгоҳ беш аз 60 асари наққошони Тоҷикистон-Зуҳур Ҳабибуллоев, Любов Фроликов, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Вербитская бо таваҷҷуҳаш ба осори наққошони Тоҷикистон маъруф буда, ба гуфтаи худаш то ҳол беш аз 300 мусаввараро ҷамъоварӣ кардааст. Ӯ соли гузашта зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Уфа, мусаввараҳои гирдовардаи худро аз эҷодиёти рассомони маъруфти тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон ба намоиш гузошта буд. Ин намоишгоҳ, ки дар доираи ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ зери унвони «Шедевры живописи горного края. Таджикистан. Пространство ШОС» баргузор шуда буд, аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |