АКСУ ВИДЕО: Дидори “The Exchange” бо тарбиятгирандаҳои мактаб-интернати Ҳисор
Гуруҳи амрикоии “The Exchange” имрӯз, 14 апрел ба манзури мулоқот бо тарбиятгирандаҳои мактаб-интернати кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ноҳияи Ҳисор рафт.
Ин гуруҳи мусиқӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои тарбиятгирандаҳои ин мактаб-интернат таҷҳизоти таълимӣ ҳадя намуда, барномаи консертӣ иҷро карданд.
Гуруҳи ҳунарии “The Exchange”, ки рӯзи 11 апрел баъд аз сафарҳои ҳунарӣ ба Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбакистон ба Тоҷикистон омад, то 16 апрел дар Тоҷикистон барномаҳои консертӣ доир менамояд. Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе ин гуруҳ 16 апрел дар толори консертии ВЕФА-и пойтахт ҳунарнамоӣ мекунад. Вижагии сарояндагони гуруҳ дар он аст, ки бидуни истифода аз асбобҳои мусиқӣ, оҳангҳоро худ зам-зама мекунанд. Сафари ин гуруҳ дар доираи барномаи Бюрои фарҳанг ва маорифи Департаменти давлатии ИМА ва радиои “Садои Амрико” (American Voices) сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |