Пешниҳод аз Душанбе барои сулҳ дар Афғонистон: Пешво ёбед
Сайф САФАР
Саидхоҷа Акбаров, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, Афғонистон дар роҳи расидан ба сулҳ ба интихоби як пешвои оқил ниёз дорад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14 апрел дар як гуфтугӯи маҷозии (интернетӣ) намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистону Афғонистон иброз дошт. Ин гуфтугӯ бо ҳадафи татбиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Афғонистон аз ҷониби дафтарҳои “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ”-и ду кишвар баргузор шуд.
Саидхоҷа Акбаров дар баҳси омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷумла таъкид кард: “Аввалан интихоб намудани пешво, сарвар, яъне президенти оқилу доное зарур мебошад, ки тавонад кулли тарафҳоро ба худ ҷалб кунад. Инро таҷрибаи ҳаёт дар симои пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод”.
Ҷаноби Акбаров ба интихоби президентии соли гузаштаи Афғонистон ишора карда гуфт, “мо дида истодаем, ки дар Афғонистон чӣ гуна тақаллубҳо ва дахолатҳои беруна сурат гирифтанд. Тариқи расонаҳо ба назар мерасад, ки байни ҳукумати мусолиҳаи миллӣ баъзе масъалаҳо пурра ҳалли худро наёфтаанд”.
Ин масъули раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон интихоби вакилони арзандаро яке аз роҳҳои даст ёфтан ба сулҳ унвон кард ва ба ҷониби Афғонистон тавсия дод, ки “вақти интихоботи парлумонӣ бояд мардуми афғон шахсиятҳо ва олимони барҷастаро ба ҳайати парлумон интихоб намоянд, ки онҳо барои тақдири имрӯз ва ояндаи Афғонистон саҳми худро гузошта тавонанд”.
Аммо, Иброҳим Усмонов, таърихшиноси тоҷик ва яке аз дастандаркорони сулҳи тоҷикон дар ин гуфтугӯ таъкид кард, таҷрибаи сулҳи имрӯзаи Тоҷикистон дар Афғонистон такмил мехоҳад: “Ҳанӯз муколамаи тарафҳои даргири Афғонистон ба амал наомадааст. Ҳарчанд дар Олмон мулоқоти ҷиддӣ сурат гирифт. Вале, дар дохили кишвар қудуратҳо зиёданд. Ҳанӯз мардуме, ки аз натиҷаи сулҳ розӣ нестанд, зиёданд ва ин дар воқеаҳое, ки тақрибан ҳар моҳ як бору ду бор дар Афғонистон ба амал меояд, зуҳур мешавад”.
Профессор Усмонов, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон борҳо раиси зеркумиссиюн аз ҷониби ҳукумат буд, ба намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон гуфт, ки бояд имкони муколамаи раҳбарони қавмҳо ва миллиятҳои ин кишвар фароҳам шавад. Ӯ инчунин ба баргузории муколамаи роҳбарони ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ишора кард ва аз қавли қаҳрамони милли Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт: “Ман як бор аз забони Аҳмадшоҳ Масъуд шунида будам, ки мегуфт, “барои мардуми Афғонистони имрӯза падар, модар, фарзад, хушӣ ва мотам ҳам Калашников аст”.
Ба гуфтаи Усмонов мардуми Афғонистон бояд ба ҳам бидуни Калашников назар кунанд ва барои ин пеш аз ҳама музокироти ҳамаи нерӯҳо зарур аст.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси минтақавӣ дар ин нишаст изҳор дошт, аз бархе ҷанбаҳои сулҳи Тоҷикистонро мешавад дар Афғонистон истифода кард. Ба гуфтаи ӯ баҳси буҳрони Тоҷикистон баҳси дарунқавмӣ буд ва нухбагони сиёсии Тоҷикистон дар баробари ҳамдигар гузашт ва ин мушкилро ҳал карданд. Оқои Бекмуҳаммад ин мавзӯъро дар Афғонистон як миқдор печида мебинад: “Ҳам аз назари таркиби дохилӣ ва хориҷӣ фарқ мекунад. Дар масъалаи ҷанги Тоҷикистон бозигарони муҳими геополитиқӣ манофеи ҳамсӯ доштанд, ки манзури ман қабл аз ҳама Русия ва Эрон аст. Ин буд, ки раванди сулҳи Тоҷикистон зудтар ба натиҷа расид”.
Ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад вазъияти Афғонистон чунин нест ва бозигарони геополитикӣ дар онҷо манофеи комилан мутаззод доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |