Бахшҳо
14 апр 2016 12:26Тоҷикистон / Сиёсат

Вазорати умури хориҷии ИМА: Тоҷикистон кишвари авторитарист...

Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри гузориши ҷадид Тоҷикистонро кишвари авторитарӣ хондааст, ки ҳукумати он алайҳи меъёрҳои Сарқонун амал мекунад.

Дар гузориши ҷадиди Департаменти давлатии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, ки 13 апрел нашр гардид, таъкид шудааст: “Сарқонуни Тоҷикистон низоми сиёсии бисёрҳизбиро пешбинӣ кардааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла тайи як соли охир барои гуногунандешии сиёсӣ монеа эҷод мекард”.

Гузоришгарон мегӯянд, мушкилоти нисбатан назарраси ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки шаҳрвандон наметавонанд, тариқи интихоботи шаффоф ҳукуматдорони худро иваз кунанд. Инчунин аз шиканҷаю муносибати бад бо боздоштшудагон ва таъқиби фаъолони сиёсию мухолифин интиқод шудааст.

Вазорати умури хориҷӣ инчунин аз беҷазо мондани омилони шиканҷа зикр карда, афзудааст, ки дар Тоҷикистон хеле кам мансабдорони ҳукуматӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон муҷозот мешаванд.

Дар қатори маҳдудиятҳои дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии Амрико маҳдудияти озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот, сайтбандиҳо, адами озодиҳои динӣ, муносиботи ғайриоинномавӣ дар артиш, набудани адолати судӣ, шароити бади маҳбасҳо, қочоқи инсон, меҳнати кӯдакон, таъқиби ҳамҷинсгароён ва муносибати бади бархе аз маъмурин бо намояндагони миллиати афғону узбакро ном бурдааст.
Мӯҳр
Дигар масъалаҳоро хуб намефаҳмам, аммо ман худам ӯзбектаборам ҳеҷ гуна муносибати бадеро аз ҷониби мамурон то ҳол надидам. Гапи беҳуда ва шояд боз як ҳиллаи тафриқаандозӣ аст

ен
Авторитари як вактхо буд. Холо диктатори шудааст.

Амрико????!!!! Чаро ба гиребони худ буй намекунад? Сад дар сад поймолшавии хукуки инсон, шиканчайи пулисаш дар байни омма ошкоро, игвою шурандози ва нооромии чахон. Тахкири сиехпустон. Эчоду сарпарастии терроризму авчи фуруши ярок хамааш кори ки? Амрико албатта!! Хазор бор номаъкул карди Амрико! Афгону узбек дар Точикистон рохат ва бехтар аз точик кайфу сафо дорад. Ин боз як игвойи навбатии Амрикост. Дигар хеч!!!

Ronanda
Bovaram namishe ,ki makomot munocibati nohub bo uzbakhoyu afgonho doshta boshand, vale boki hak astu rost... a aaappshuu

Uryon
Нотавон,
In hama tafriqa kori dasti RUSSIYA AST

Мирзоватан
шумо сомомнаҳо чаро қонуни ҶТ дар бориа матбуотро риоя намекунед? Дар кадом сатри гузориши Департаменти давлатии Амрико ин мисраҳо оварда шудааст:“Сарқонуни Тоҷикистон низоми сиёсии бисёрҳизбиро пешбинӣ кардааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла тайи як соли охир барои гуногунандешии сиёсӣ монеа эҷод мекард”. Махсусан калимаи Тоҷикистонро дидаед? чаро аз пеши худ маълумоти дуруғро пешниҳоди мардум мегардонед? Лутфан ҷавоб гардонед ба ин саволҳо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)