Эълони тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаи беҳтарини Душанбе
“Душанбе-Серена” беҳтарин меҳмонхонаи Душанбе дар соли 2015 эълон шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, “Мерве” беҳтарин тарабхона ва “Сирдарё” беҳтарин ошхонаи соли 2015 интихоб шудаанд: “Ғолибони озмун бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб сарфароз гардонида, он аз ҷониби Маҳмадсаи Убайдуллоев дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт супорида мешавад”.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, озмуни беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаи пойтахт бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи хизматрасонӣ ба меҳмонони хориҷӣ ва ватанӣ гузаронида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |