Сафорат: Миёни заҳролудшудагон 2 нафар тоҷиканд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд аз миёни 51 муҳоҷири заҳролудшуда дар Маскав ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки феълан дар беморхонаи инфексионии шаҳри Маскав бистарӣ мебошанд.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат имрӯз 14 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тоҷикони заҳролудшуда Акмалҷон Хушназарови 33 сола, зодаи шаҳри Турсунзода ва Ҷумъабек Зайниддинов, сокини шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки пайи истеъмоли ғизо ба беморхона интиқол дода шуданд: “Кормандони сафорат бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҳоли заҳролудшудагон хабар гирифтанд. Вазъи саломатиашон қаноатбахш мебошад”.
Ба гуфтаи оқои Бахтӣ таҳқиқи сабабҳои дақиқи заҳролудшавии муҳоҷирон феълан идома дорад.
Қаблан Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ба “Озодагон” гуфт, ин муҳоҷирон баъди тановули хӯроки шом (13 апрел) заҳролуд шудаанд. Ӯ теъдоди муҳоҷиронро ҳудуди 140 нафар хонда, мегӯяд, бештари онҳо шаҳрвандони Узбакистонанд: “Ҳамватанҳои мо зиёд нестанд”.
Муҳоҷирони заҳролудшуда дар ширкати сохтмонии марбут ба туркҳо, воқеъ дар кӯчаи Ясиковская кор мекардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, тибқи баъзе маълумотҳо онҳо баъди хӯрдани картошка ва гӯшти мурғ худро бад ҳис карда, баъдан ба беморхонаи “Соколиная гора” интиқол ёфтаанд: “Вазъи чанд нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ба иттилои мо ҳоло чор тоҷик дар беморхона мебошад”.
Каримҷон Ёров меафзояд, пулис нагузошт онҳо вориди беморхона шаванд: “Имрӯз талош мекунем аз вазъи онҳо бохабар шавем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |