Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Баргардонидани домуллоҳои маъруф ба минбар то куҷо роҳи ҳал аст?

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кард. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: Баргардонидани домуллоҳои маъруф роҳи ҳал аст?


Фаридун ҲОДИЗОДА, коршиноси масоили мазҳабӣ
Шояд то андозае кумак намояд, аммо сад дар сад боварӣ надорам. Чун ҷавононе, ки ба сафи гуруҳҳои тундрав гаравидаанд, аз ин домуллоҳо сахт интиқод мекунанд. Ҳоло вақти ин корҳо гузаштааст ва лозим аст, ба таври дигар кор кунанд. Масалан, агар ин корро 5 сол пеш мекарданд, шояд муассир мебуд. Масъалаи гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро аввалан таҳлил карда баромадан лозим, ки чаро ин тур шуда истодааст. Баъди он ки мо решаҳои ин равандро маълум кардем, ки аз куҷо мебарояд, баъд фикр карданамон лозим, ки ба кадом тараф ҳаракат кунем, ба кадом самт бештар аҳамият диҳем. Соли 2001 дар Афғонистон 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби амрикоиҳо дастгир шуда ба Гуантанамо интиқол ёфтанд. Соли 2002 раисиҷумҳури кишвар дар яке аз ҳамоишҳо вобаста ба ин қазия гуфт, нақшаи муайян дошта бошед, лекин аз он вақт ҳукумати мо, созмонҳо ва сафоратхонаҳо ҳамин қадар кор карданд, вале агар хато накунам моҳи феврали соли равон Прокурори генералӣ гуфт, аз Тоҷикистон имрӯз 1094 нафар дар ҷангҳои Ироқу Сурия ҷанг мекунанд. Яъне, 4 нафар буд, ҳоло 1094 нафар шудаанд. Дар 14 сол теъдодашон қариб 260 маротиба зиёд шуд. манзурам ин аст ки корҳое дар ин самт кардем, шояд зиёдаш нодуруст буд, барои ҳамин теъдоди ҷавонон дар созмону гуруҳҳои ифротгаро кам нашуда, зиёд гардид. Бубинед, ҳукумати Ҳиндустон ҳам сари ин масъала кор карда истодааст, дар Ҳидустон, ки тақрибан 150 миллион мусалмон дорад, ҳамагӣ 7 нафар дар ДИИШ ҷанг мекунанд. Яъне, ин нишон медиҳад, ки онҳо дар ин самт сиёсати бисёр дурусту пешрафтаро истифода бурдаанд, ки шаҳрвандонаш ба ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ напайвастаанд.

Абдуқодир РУСТАМ, нависанда
Воқеан мавъизаи руҳониёни доно ва огоҳ аз пешрафти башар ва мутталеъ аз илми рӯз метавонад барои поктар шудани ахлоқи ҷавонон, огоҳии бештари онон аз исломи суннатии мо, ки ҳамон мазҳаби Имоми Аъзам аст, мусоидат намояд. Аз ин тариқ то ҳадде аз ифротишавии ҷавонон низ пешгирӣ мешавад. Вале ин тасаввур, ки фақат бо бозгашти дубораи руҳониёни маъруф метавон пеши роҳи гироиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротии мазҳабиро гирифт, содаангорӣ аст. Ин амр бештар ба сиёсатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию мазҳабии давлат марбут аст.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, таҳлилгар
Ин пешниҳод мавриди қабул мебошад, лек ин як роҳи ҳалли масъала буда, барои ҳалли пурраи он бояд омӯзиши на танҳо дини Ислом, балки таърихи динро дар мактабҳо ҷорӣ намуда аз сафи хатмкунандагони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон омӯзгорон омода намуд. Зеро танҳо бо омӯхтани як мазҳаб аз байн бурдани ифротгароӣ, тарки мазҳаб ва дигар омилҳои гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳоро аз байн бурда намешавад. Бояд ҷавонон, аз таърихи динҳои осмонӣ (масеҳӣ, ислом, яҳудӣ...) аз таърихи пайдоиши мазҳабҳо шинос бошанд ва таҳаммулпазирӣ байни мазҳабҳоро омӯзанд.

Мӯъмин АҲМАДӢ, хабарнигор
Воқеан, Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ба руҳониёне, ки дар ҷомеа нуфуз дошта, ба манфиати дину давлат хидмат кунанд, ниёзи зиёд дорад. Дар аксари давлатҳои дунё руҳониён хидмати давлатҳои миллии худро мекунанд ва бештар ҳарфҳоеро ташвиқ мекунанд, ки ба манофеи миллии ҳамон кишвар равона шудааст. Дар Русияву Амрико раҳбарони руҳонии динҳои гуногун, чӣ мусалмону насоро ҳамагӣ дар хидмати давлатанд. Дар Арабистону Покистону Эрон, ки давлатҳои мусалмонианд, дин ба давлат хидмат мекунад. Ҳоло аксари имомхатибоне, ки мо дар масоҷид дорем, мутаасифона миёни ҷомеа нуфуз ва эътибори зиёд надоранд. Воқеан ҳоло мо бояд руҳониёнеро, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва ақоиди диние доранд, ки ба давлатдории миллии мо созгор аст, ба сари минбар биорем.

Саъдӣ ВОРИСОВ, коршинос
Баъид медонам, ки оқои Ҳоҷӣ Мирзо ва воъизони таъсиргузори дигар ба минбарҳо баргардонида шаванд ва агар ҳам баргарданд, даъваташон мисли собиқ нахоҳад буд. Яъне минбарашон он гармӣ ва таъсири собиқаро нахоҳад дошт, ки ба муҷарради аз минбар поён шудан дискҳояш дар фурӯш бароянду дар ҷумҳурӣ ва берун аз он тақсим шаванд. Он сабу бишкасту он паймона бирехт. Аммо агар оқои Ҳоҷӣ Мирзо бихоҳад фикр мекунам садояшро метавонад расонидан. Чанде қабл Юсуф Раҳмон, додситони кулл дар мусоҳибааш бо “Ҷумҳурият” ишора карда буд, ки 85 дарсади сарбозгириҳо барои “Давлати Исломӣ” дар миёни муҳоҷирони мо дар Русия рух медиҳанд. Пас он ҷоро бояд муҳкам гирифт. Агар Ҳоҷӣ Мирзо Русия бираваду дар миёни ҷавонон кор барад, фикр намекунам монеае дар кораш бошад. Қаблан ҳам рӯҳониён сафарҳои зиёде доштанд ба он диёр.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Бо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар робита ба баргардонидани руҳониёни суннатӣ, имомхатибоне, ки равшанфикру уламои донишманду ҳақиқатгӯй ҳастанд, сад дар сад мувофиқам. Зеро имрӯзҳо ба ҳар гуна равияву созмонҳои террористӣ ба мисли Салафия, Ваҳобия, ДОИШ, “Ал- Қоида”, “Толибон”, “Ансоруллоҳ” ва ғайраҳо пайвастани ҷавонон ва бархе занон, ин надонистани аҳкому аркону талаботи дини Ислом мебошад. Барои ҳамин чунин зарурат пеш омадааст, ки мо донишмандону муллоҳои суннатиамонро барои корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба минбари масҷид барорем. Барои фаҳмонидани ҷавонон оиди ботил будани ДОИШ аввалан илми мукаммал, мардонагиву нотарсиву равшанфикрӣ ва баъдан обрӯи имом-хатиб бояд баланд бошаду дар ҷамъият эътирофшуда маҳсуб шавад.
Мӯҳр
у
Чои кор мухайе кунит, ягон кас ДИИШ-ва намерад.

Муслим
Ассаллому алайкум
Бо баргардонидани уламохое мисли Хочи мирзо он халое мазхабие, ки дар чомеъаи мо вучуд дорад ва таблиггарони ДОИШ-у Толибону Ансоруллоху дигару дигар аз он истифода мебаранд, пур хохад шуд. Ва онхое,ки аз вируси гуруххои ифроти сироят ефтаанд ин домуллохоро хам бад мебинанд ва ба харфхояшон гуш намедиханд аммо метавон аз сироят ефтани хазорон нафари дигар пешгири намуд.

Фидавсии бузург мефармояд..Туро донишу дин рахонад дуруст,,Рохи ростгорон бибояд чуст.Ба гуфтори Паёмбарат(с) гуш дех,Дил аз тирагихо бадин об шуст.,чомеъае,ки 90% худро мусалмон медонад бояд аз мавизахои домулохо бархурдор бошад,ягон вакт ислом зиди илм набуд баракс дини мубини ислом пойдевори илми башарият аст.зеро паёмбари бузургамон Мухаммад(с) мефармоянд "аз гавхора то гур дониш бичуй""талаби илм ба хар марду зани мусалмон фарз аст""Талаб кунед Илмро хато ки дар Чин хам ки бошад"агар ислом инсонхоро факат барои илми дини дават мекард паёмбар талаби онро дар Хитой намекард зеро дар Хитой илми дини дар ягон давра омухта намешуд,,барои ислом илми дунёхам фарз аст..тамоми инсонхои босаводро бинед исломро эхтиром мекунад аммо бе саводхое ки вичдонашонро фурухтанд зиди ислом мебарояд ана хамин гуна бесаводхо чомеаро ноором мекунад..."Ислом ба зоти худ надорад айбе,Хар айбе ки хаст аз мусалмонии мост..Иллохо ватанамон хамингуна ободу ором то охир монад ва касе вайронии ватани моро мехохад ба максад нарасад.омин.рахмат озодагон барои матлаби зарури.

Шахноз
Акли чахон ба авчи фалак бол мезанад,
Дар хок бозиянд чавонони мо хануз.
Дар вокеъ кишвархои чахон талош бар он мекунанд, ки сайёрихои нав кашф кунанд, Шумо бошед хануз аз паси мулло бошаду мулло набошад саргардон шуда гаштаед. Ман пешниход дорам, ки бачои чунин бахс ташкил кардан, ягон масъалаи дигарро барраси кунед, то инки насли чавон ягон манфиат бинад.

Хочи Мирзо марди босавод аст. Аммо чунин пешниходи у имруз ба маврид нест. 25 сол пеш муллохои кисаги нияти сари кудрат омаданро карданд. Окибат садхо хазор одамонро кушта гузошт. Холо ин фикр дуруст нест.

Ба Мирзогиёс Ахроров.
Шумо ,ки Хукукшинос маълум шуд аз навиштахоят,ки тамоман тасавурот аз дин ва мазохиб надоред. Чизе ки дар аклат аст хамонро ,бахо додед ва мазхабро ба хизб ва гурухро бо мазхаб омехта кардед. Бигзор дар ин бора мутазассисони диндор сухан гуянд. Бехтар аст ,ки шумо вазифаи худатро анчом дихед.

ali
Рухониёни маъруф ва сохибилм дар ватани мо бисёранд. Албатта воизи масчид шудани онхо барои тарбияи насли чавон фоидаовар аст. Аммо мутаассифона кисмате аз ин рухониён дину имони худро фурухта манфиати худро мечуянд.

"Домуллохои маъруф" агар нияташон соф бошаду ватандуст бошанд, бе масчид хам, барои баргардонидани чавонон аз гаравиш ба сафи созмонхои ифроти, хизмат карда метавонанд. Ин чо гап-гапи пул аст. Масчид хазинаи бетагу беохир, хайру садака бисёр, ана барои чи "домуллохои маъруф" ба масчид баргаштан мехоханд. Ё масчида шахси кардани хастанд?????

"Домуллохои маъруф" агар нияташон соф бошаду ватандуст бошанд, бе масчид хам, барои баргардонидани чавонон аз гаравиш ба сафи созмонхои ифроти, хизмат карда метавонанд. Ин чо гап-гапи пул аст. Масчид хазинаи бетагу беохир, хайру садака бисёр, ана барои чи "домуллохои маъруф" ба масчид баргаштан мехоханд. Ё масчида шахси кардани хастанд?????

Я думаю каждый сам должен решать как и во что верить. Богословы всегда были политиками под мантией религии. делали что хотели. В светском обществе не должно быть такого. Да, абсолютное большинство населения мусульмане, и государство должно учитывать их интересы, создавать условия. Но пусть лучше богословы будут у них на коротком поводке...так жить спокойней...

у,
Чи, шумо гуфтаниед, ки тамоми нафароне, ки дар ДИИШ мечанганд бекор буданд? Ё "чиходе" ки онхо мекунанд аз бахри бекори буд? пас чаро ягон кори хубе дар бахри худ ва хонаводаи худ накарданд?

nabi farhor
Хамаи мо медонем,ки аксари чавонони мо аз мухочирати Россия ба Сурия ву Ирок мераванд.Агар чои кори доими бошад,чавонон ба мухочират нараванд,бовар дорем ки онхоро ягон гурух фиреб дода наметавонанд.Мисол,дар чайб пул бошад,мошин,хона,зану фарзанд хама мухайё бошад,кучо Россия мераванд.Рохи халли асосии ин пешгири чойхои кори доими мебошад.На Муллою,на духтуру,на милиса.

мехмон
Дар каламрави собик СССР точикон, узбакхо, кавкозихо ва тотору бошкирхо бо ДИИШ пайваст мешаванд. Магар дар Руссия низ бекори хаст ? Сабаб ин бекори не нофахми дар дин хаст !
То ба хол Ислом ба шохахо чудо хасту Исломи хакики дар кучо хаст номаълум? Барои хамин чавонон мусалмони мечуянд !
ТО ДАМЕ КИ ИСЛОМИ ХАКИКИ дар ЧАХОН ПОЙДОР НАШАВАД МУСАЛМОНХО АЗ НОФАХМИ ВА АЗ БОЛО БУДАНИ АКИДАИ ХУД НИСБАТ БА ДИГАР МУСАЛМОНХО ЯКДИГАРКУШИ МЕКУНАНД !!
Ва ягон домулло пеши инро гирифта наметавонад.

шогирд
боз хам бахси дин, боз хам бахси мазхаб, боз хам бахси мулло, боз хам бахси хочи, боз хам баси кухнагароиву кухнапарасти. э вой, э вой, э вою сад войи ин манкуртшудахои ифротиву хурофот... як бор бинед дунё ба кучо расида ва шумо дар кучоед? бинед дунё бахси чи дорад шумо бахси чи. шумо хазор сол бахси банди эзор доред. бас кунед. начот мулло нест, начот мактаб аст, илм аст, савод аст. суи илму савод биштобед, суи мулло не. шуморо танхо чисматон дар асри 21 аст, магзу тафакуру бахсу фахмишатон дар дунёи кадим аст.

nabi farhor
Ин проблемахои мо кай хал мешуда бошанд.Мо дигар кор надорем,мулло,хизб гуфта мегардем.Касе конуншикани мекунад,бигзор дар назди конун чавоб гуянд.Мо дар давлати сохибистиколу демократи зиндаги дорем.Чи даркор хамин гапу корхо ришу ту дарозу,риши ман кутох.Демократия.

Хайрияте ин дафъа фикри Абдуллои Мухакикро нагирифтед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)