Бонки миллӣ розӣ шуд, 5 ташкилоти қарзии хурд муттаҳид шаванд
Дар Тоҷикистон панҷ ташкилоти қарзии хурд муттаҳид шудаанд.
Бино ба иттилои Бонки миллии кишвар, Раёсати ин ниҳоди молиявӣ бо як қарори худ барои азнавташкилдиҳии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод” бо роҳи ҳамроҳшавӣ ризоият додааст: “ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд”.
Манбаъ меафзояд, бар пояи қарори мазкур ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |