Ба равоншиносони тоҷик роҳҳои офиятбахшии қурбониёни шиканҷаро меомӯзанд
Душанбе мизбони як давраи омӯзишии серӯза дар масоили офиятбахшӣ ва ҷуброни зарари қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо мешавад.
Дар ин тренинг, ки аз 15 то 17 апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Гулистон тур” баргузор мешавад, мутахассисони кафедраҳои равоншиносии муассисаҳои олии таълимии кишвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок хоҳанд кард.
Гулчеҳра Раҳмонова, раҳбари созмони “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки аз созмондиҳандаҳои давраи омӯзишии мазкур аст имрӯз, 13 апрел ба “Озодагон” гуфт, “мақсади асосии тренинг баланд бардоштани касбияти равоншиносон дар мавриди офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин ошноӣ бо роҳу усулҳои маълум кардани зарарҳои маънавии қурбониёни шиканҷаву гузаронидани ташхисҳои равоншиносӣ маҳсуб меёбад”.
Ӯ афзуд, ба ҳайси коршинос Лилит Геворкян, таҳлилгари байналмилалӣ оид ба муайянсозии зарари маънавӣ аз Арманистонро даъват кардаанд.
Созмони “Ташаббуси ҳуқуқӣ” яке аз ташкилотҳои узви Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки 12 ташкилотро муттаҳид кардааст, мебошад. “Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Эътилоф расонидани офиятбахшии фарогир ба нафаронест, ки аз шиканҷа зарар дидаанд. Ба ин кӯмакҳои тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ дохил мешаванд. Барои амалӣ намудани чунин фаъолият дар назди Эътилоф гуруҳи офиятбахшӣ таъсис дода шудааст, ки ба қурбониён вобаста ба ниёзҳояшон кӯмак мерасонад”,-иброз дошт хонум Раҳмонова.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |