Аслов: Э.Раҳмон бе ракета ва миллионҳо $ ҷойгоҳи Тоҷикистонро баланд бардошт
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як мақола Эмомалӣ Раҳмонро поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ хондаст.
Аслов дар мақолааш, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кардааст, изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон замоне масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпоширо бар уҳда гирифт, ки ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт: “Ҳама медонем, ки агар Тоҷикистони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар идоракунии бахши иқтисодию иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт, дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё вуҷуд надошт ва ё хеле маҳдуд буд. Дар даврони истиқлол низ ҳанӯз фурсати ин кор ба даст наомада буд. Зеро аз замони эълони Истиқлол (сентябри соли 1991) то шурӯи даргириҳои дохилӣ (майи соли 1992) на замони кофӣ дар ихтиёр доштему на давлати бокифоят бар сари кор, то равобити хориҷиро пай бирезаду мустаҳкам намояд ва мақому манзалати давлати нави тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян созад... Пас, ҳар чи ӯ кард, аз сифр оғоз карду навоварӣ буд. Ва ба ҳар ҷо, ки расид, аз тадбиру заковаташ расид ва аз эътимоду иттико ба хиради азалии мардуми худ”.
Вазири умури хориҷӣ дар шарҳи фарқияти Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорҳои дигар изҳор доштааст, ки таърих сиёсатмадоронеро зиёд дидааст, ки давлати худро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанду сиёсати хориҷии худро ба ҷаҳониён қабул кунондаанд: “Аммо нуктаи зариф ин ҷост, ки аксари онҳо бо зӯри силоҳ, бо маҳсулоти пешрафта ва ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи ҷаҳон нақшофарӣ кардаанд. Пешвои миллати мо дар шароите қарор дошт, ки бояд ҷойгоҳи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бе ракетаву бомба, бе эҳдои ёриҳои фаровони башарӣ, бе сарфи миллионҳо доллар дар самти таблиғоти расонаӣ, бе содироти технологияи нодир (ки дар ихтиёри кишвари мо набуд) баланд мебардошт. Ва ӯ ин корро кард, бо тадбиру фаросат, сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созандаи глобалӣ, мавқеи босуботи сиёсӣ ва равобити неки байналмилалӣ”.
Аслов ҳаракат дар масири демократия ва бунёди ҷомеаи адолатпарвари дунявӣ, ки Конститутсия онро кафолат медиҳад, яке дигар аз ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон хондаст: “Ба ёд биёрем, ки ӯ ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, баробари Раиси ин Шӯро интихоб шуданаш эълон кард, ки: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам». Дар ин ҷумлаи ба зоҳир сода маънии амиқе нуҳуфтааст. Он замон баҳсу ҷидол дар кишвари мо асосан бар сари ҳамин мавзӯъ буд, ки мо кадом шакли ҳокимиятро қабул намоем, ба кадом арзишҳо пойбанд бошем ва бо кадом роҳ равем. Барои посух додан ба ҳамаи ин чуну чароҳо роҳбари мамлакат кушоду равшан ба мардуми худ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём дод, ки мо танҳо масири демократӣ ва ҳуқуқбунёдиро пеш мегирем. Дар ин росто, каме баъдтар, соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид”.
Муаллифи мақолла инчунин аз мафкураи роҳбарони кишварҳои дар ҳоли ҷанг суҳбат кардааст: “Онҳоро чунин фикр ба худ машғул медорад, ки «…маълум нест ояндаи кишвар чӣ мешавад, маълум нест ояндаи ману ҳукумати ман чӣ мешавад, пас чаро ин қадар худро азоб диҳам…» ва ғайраву ҳоказо. Вале ин ҷо ҳам фарқи Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ ҳамзамон бо талошҳои сулҳофарӣ ва сарҷамъ кардани миллат, тамоми бахшҳои дигари ҷомеа, аз ҷумла сиёсати хориҷиро танзим ва такмил дод. Ӯ ба ҳамаи ин вақт ва неру ёфт. Зеро ба миллаташ ва ба ояндае, ки худаш ваъда дода буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», бовар дошт ва барои расидан ба ин рӯзи нек худашро вақфи миллаташ карда буд”.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки феълан 150 давлат Истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардааст: “Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Ва инак, аз баракати ин марди бузург миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад”.
Дар охир Аслов таъкид кардааст, ки ки кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд: “Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |