Мубин Эргашев худро назди мухлисон "сафед" карда натавонист. “Истиқлол” боз бохт
Тими “Истиқлол”, қаҳрамони чоркаратаи футболи Тоҷикистон аз дастаи “Нафт ал-Васат”-и Ироқ шикаст хӯрд.
Ин бозӣ, ки дар чорчуби даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2016 рӯзи гузашта (12 апрел) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд бо ҳисоби 0:1 ба нафъи меҳмонон ба анҷом расид. Акнун “Истиқлол” тамоми шонсҳояшро барои берун шудан аз гуруҳ аз даст дод.
“Истиқлол” дар қувваозмоии даври севуми ин сабқат ҳам, ки дар варзишгоҳи “Пас”-и шаҳри Теҳрон баргузор шуд, аз “Нафт ал-Васат” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол” дар нишасти хабарии қабл аз бозии даври чорум рӯзи 11 апрел дар Душанбе гуфта буд, мехоҳанд барои бохташон дар меҳмонӣ инт иқом бигиранд: “Мо мехоҳем барои бохти худ дар меҳмонӣ интиқом бигирем ва худро дар назди мухлисонамон сафед кунем”.
"Истиқлол" дар сабқати интихобии Ҷоми AFC-2016 ҳамроҳ бо "Нафт ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон дар гуруҳи "В"-анд ва баъди бозиҳои даври чорум “Нафт ал-Васат” бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. "Ал-Файсал" 8 хол ва "Триполи" 4 имтиёз доранд. “Истиқлол” ҳамагӣ як имтиёз дошта, зинаи охирро муаррифӣ мекунад.
Дар даври 5-уми мусобиқа (26 апрел) "Истиқлол" бо "Ал-Файсал" ва "Триполи" бо "Нафт ал-Васат"-у дар даври 6-ум (10 май) "Истиқлол" бо "Триполи" ва "Нафт ал-Васат" бо "Ал-Файсал" қувва меозмоянд. Новобаста аз натиҷаи ин бозиҳо "Истиқлол" ба даври баъдӣ роҳ намеёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |