Ҷоизаи Осимӣ ба генерал Раҳимзода, муаллифи фанни нав ва 100 асари илмӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 12 апрел дар Рӯзи касбии олимони кишвар барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.
Манбаъ мегӯяд, Раҳимзода узви ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ гардида, дипломи ин ниҳодро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни ҳамоиш дар Душанбе ба Раҳимзода супорид.
Рамазон Раҳимзода, ки ташаббускори ҷорӣ намудани фанни нави фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» , барномаи дарсӣ ва тестҳо аз ин фан мебошад, дар ҳузури олимони тоҷик таъкид кардааст: “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мо кӯшиш кардем, дар ин самт хеле дигаргуниҳо ворид намуда, китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» иборат аз 3 қисм, якчанд барномаҳо, дастурамалҳо ва дигар рисолаҳоро пешниҳод намоем”.
Фарҳод Раҳимӣ зимни баромадаш изҳор доштааст, ки Раҳимзода дар оғоз ва пажуҳиши ин соҳа қарор доранд ва маҳз бо заҳмати ӯ ва кормандонашон тинҷию амонии кишвар таъмин мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |