Бахшҳо
12 апр 2016 16:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мурофиаи ду тоҷикистонӣ барои қатли ронандаи таксӣ аз Узбакистон

Кумитаи тафтишотии вилояти Курск таҳқиқи парванда бо иттиҳоми куштор алайҳи ду шаҳрванди Тоҷикистон- Илҳомҷон Абдураззоқови 27- сола ва Фахриддин Кучкунови 25 – соларо ба анҷом расонда, барои баррасӣ ба суд равон кардаст.

Тибқи иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ, ки имрӯз, 12 апрел нашр шуд, Илҳомҷон Абдураззақов бо як зани ҳамзисташ дар деҳаи Бибикови ноҳияи Советскии вилояти Курск зиндагӣ мекардааст ва мунтазам ба шаҳри Маскав барои мардикорӣ мерафтаст. Манбаъ мегӯяд, Абдураззоқов охири декабри соли 2014 хостааст барои таҷлили Соли Нав аз Маскав ба вилояти Курск баргардад ва писари амаки худ Фахриддин Кучкуновро низ ба меҳмонӣ даъват кардааст: “Бо ронандаи таксӣ, шаҳрванди 27 солаи Узбакистон созиш мекунанд, ки ба ивази 10 ҳазор рубли русӣ онҳоро ба Курск хоҳад бурд. Баъди расидан ба ноҳияи Советск мусофирон бо мақсади надодани роҳкиро ва соҳиб шудан ба мошини “Нексӣ”-и ронанда, нақшаи қатли ӯро мекашанд. Дар роҳ аз ронанда хоҳиш мекунанд, ки мошинро боздорад ва дукаса ӯро бо корд ба қатл мерасонанд. Ҷасадро дар канори роҳ партофта, бо мошини ғасбкардаашон ба назди ҳамзисти Абдураззоқов мераванд. Баъдан мошинро бо нархи 20 ҳазор рубл мефурӯшанд”.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, ҷасади ронандаи таксӣ танҳо моҳи апрели соли 2015 баъди об шудани барф аз ҷониби кормандони хадамоти сохтмон ва нигоҳдории роҳ дарёфт шудааст: “Кормандони пулис дар пайи амалиёт нафаре, ки автомашинаро харида буд, пайдо карда, бо ин восита моҳи майи соли 2015 фурӯшандаҳоро низ дастгир намудаанд”.

Мақомоти тафтишотӣ таъкид мекунанд, ки беш аз 16 намуди ташхисро гузаронда, далели кофӣ барои исботи гунаҳкории муттаҳамонро пайдо намудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)