Баъд аз Туркманистон. Дар Тоҷикистон ҳам машқҳои пагоҳирӯзӣ “муд” мешаванд (ВИДЕО)
Муҳасилини донишгоҳ ва коллеҷу муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа субҳи худро аз машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз мекунанд.
Торнамои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мегӯяд, ҳамарӯза бо иштироки беш аз ду ҳазор сокини маркази вилояти Хатлон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, онҳо “дар ҷойҳои муйянгардида ҷамъ омада, бо намояндагони бахши варзиш ва устодони соҳа машқу тамринҳо мегузаронанд”.
Торнамо гуфтааст, масъулин қасд доранд, иин иқдомро дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ намоянд: “Чорбинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо ҷавонони фаъоли мамлакат 23 майи соли 2013 рӯзи шанбеи ҳар ҳафтаро “Рӯзи варзиш” эълон карда буд, роҳандозӣ шудааст”.
Машқи гуруҳии донишҷӯён дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки ахиран бо амри Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар ин кишвар маъракаи “Як моҳи саломатӣ ва хушбахтӣ” оғоз ёфт. Бино ба иттилои расонаҳо, аз 5 апрел то 5 май тамоми корхонаҳои Туркманистон бояд ҳар субҳ кори худро аз машқи пагоҳирӯзии коргаронашон оғоз кунанд.
ВИДЕОИ МАШҚИ ОММАВИИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ТУРКМАНИСТОН
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |