Ҳимояти Ҳилларӣ аз ҳамлаҳои Исроил ва изҳороташ дар бораи омилони ДИИШ
Ҳилларӣ Клинтон номзад ба курсии президентӣ аз ҳизби демократҳои Амрико гуфтааст, ДИИШ-ро Башор Асад, Эрон ва Русия эҷод кардаанд.
Клинтон ин нуктаро зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN, дар вокуниш ба иттиҳомоти ҷониби рақибаш Бернӣ Сандерс, ки сиёсати хориҷии Клинтонро боиси пайдо шудани гуруҳи тундрави ДИИШ хондаст, таъкид намуд.
Клинтон дар вокуниш ба ин иддаои мудири барномаҳои Бернӣ Сандерс гуфтааст: “Имрӯзҳо ин афрод дар бораи ман ҳарфҳои зиёд мезананд, аммо ман ба онҳо таваҷҷуҳ намекунам”.
Собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико ва номзад ба курсии президентии ин кишвар афзудааст, ДИИШ аввал дар халои қудрат дар Сурия ба вуҷуд омад, ки омили он Башор Асад ва ҳомиёни он Эрон ва Русия ҳастанд. Ҳилларӣ Клинтон инчунин дар бораи изҳороти Сандерс, ки гуфта буд, ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза боиси кушта шудани инсонҳои бегуноҳ гардид, изҳор доштааст: “Шумо вақте мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор мегиред, мардум ва сарбозонтон зери оташи ҳамла ҳастанд, бояд посух бидиҳед”.
Клинтон афзудааст, ки соли 2012, вақте дар бораи оташбас байни Ҳаммос ва Исроил музокира мекард, фаҳмидааст, ки ин Ҳаммос ҳаст, ки алайҳи Исроил ҳамла мекунад ва Исроил низ ҳамлагаронро мавриди ҳадаф қарор медиҳад: “Исроил ҳақ дорад аз худаш дифоъ кунад ва ман аз ин ҳаққи Исроил ҳимоят мекунам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |