Андуҳи бузурги Э.Раҳмон аз сӯхтори ибодатгоҳе дар Ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 апрел дар робита ба сӯхтори яке аз ибодатгоҳҳои Ҳиндустон, ки сабаби марги беш аз сад нафар гардид, ба Нарендра Модӣ, сарвазири он кишвар барқияи таслият ирсол намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, ки “хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрвандони Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои аёлати Керала дар Ҷанубу ғарби кишвар бо андӯҳи бузург дарёфтам”.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба наздикони афроди фавтида дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардиву таслияти намуда, афзудааст, хостори шифои комил ёфтани ҳамаи осебдидагон мебошад.
10 апрел дар ибодатгоҳи ҳиндуҳо дар аёлати Керала, воқеъ дар ҷанубу ғарби Ҳиндустон сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст дода, 200 тани дигар ҷарҳат бардоштанд. Дар пай ин сухтор ибодгҳоҳ пурра ба коми оташ рафт. Ба иттилои расонаҳо, сӯхтор дар пайи таркиш дар анбори маводе, ки мебоист дар ҷашнвораи мазҳабии ҳиндуҳо истифода шавад, сар задааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |