Боздошти корманди фурудгоҳ бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар интиқоли сиккаҳои таърихӣ
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ҷилавгирии интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои таърихӣ ва арзиши фарҳангидошта ба хорифи кишвар хабар медиҳад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, дар пайи чорабиниҳои фаъолияти оперативию ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки “Майдони ҳавоӣ” ҳолати интиқоли ғайриқонунии 11 адад сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангидошта, 44 ангуштарӣ, 21 гарданбанд, 8 дастбанди таърихӣ, 3 зеби гардан (кулон) ва шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ошкор карда шуд: “Соҳибкор А. Р мехост, ин маснуотро аз Тоҷикистон ба кишвари Туркия интиқол диҳад”.
Ба иттилои манбаъ, бо иттиҳоми ҳамдастӣ барои интиқоли ин маснуот корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе “Қ. Р.Қ.” боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |