Ҷаласаи 8 - уми Шўрои назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Душанбе баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, нишасти мазкур таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфта, дар он аъзои шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд. Пас аз гузориши котиби масъули Шўрои назди президенти оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов доир ба иҷрои қарорҳои қаблии шўро Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иҷрои пурра ва самарабахши санадҳои қабулшуда таъмин карда шавад. Дар муҳокима ва баррасии масоили мазкур муовини роҳбари намояндагии дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Никола Гюгас, роҳбари шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши, роҳбари ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, райиси Фонди ҷамъиятии Интернет Рустам Қосимов, роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон Некрўй Забиров, директори кулли ҶСШК Помир-Энерҷӣ Далер Ҷумаев, роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ибодулло Неъматов, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер ва ноиби президенти Бонки Осиёии рушд Шиаою Жао иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро доир ба зарурати кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳо дар маҷмўъ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ низ вуҷуд дошта бошад, аз ҷумла аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон. Пешниҳодҳои дигар доир ба озод намудани воридоти тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, ваксина ва доруҳои байторӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд.
Дар анҷоми нишаст таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» бо назардошти талаботи замони муосир таҳия карда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2012 ба Шўрои назди президенти оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр