Ҷаҳиши қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон ҳафтаҳои охир майли болоравӣ дошта, арзиши 1000 рубл дар Душанбе аз 110 сомонии моҳи гузашта, феълан то ба 119 сомонӣ расидааст.
Ташкилоти молиявию бонкҳо имрӯз, 11-уми апрел дар лавҳаҳояшон дар маркази Душанбе арзиши 1000 рубли русиро 117-119 сомонӣ нишон додаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта арзиши 1000 рубл аз 110 сомонӣ поин буд. Болоравии қурби рубл ба манфиати мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, чун аксари муҳоҷирини тоҷик дар Русия маошашонро бо рубл мегиранд ва аксаран ба Ватан ҳам рублро интиқол медиҳанд.
Дар баробари рубл қурби доллар низ дар Душанбе каме боло рафта, расман дар бонкҳо 1 доллар 7,88 сомонӣ харидорӣ шуда 7,90 сомонӣ фурӯхта мешавад. Як моҳи қабл қурби 1 доллар то 7, 69 сомонӣ поин рафта буд.
Як манбаи “Озодагон” аз вилояти Суғд гуфт, дар шаҳри Хуҷанд қурби 1000 рубл 120 сомонӣ шуда, 100 доллар ба ивази 792 сомонӣ харид ва то 800 сомонӣ фурухта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |