18 соли зиндони муҳосиби духтари президент
Нурмуҳаммад Содиқов, ки бо лақаби “Нурик” шуҳрат дорад ва дар вазифаи баланде дар яке аз ширкатҳои Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон кор мекард, 18 сол зиндонӣ шуд. Дар ин бора Надежда Атаева, раҳбари Иттиҳодияи “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” хабар медиҳад.
Тибқи иттилои бархе аз манбаъҳо, Нурмуҳаммад Содиқов солҳои тӯлонӣ муҳосиби шахсии духтари калонии президенти Узбакистон -- Гулнора Каримова будааст. Се сол пеш Содиқов дар фурудгоҳи Тошканд баъд аз бозгашт аз Аморати муттаҳидаи Арабӣ боздошт ва дар сохтакориҳои молӣ айбдор шуд.
Ду сол пеш ниҳодҳои тафтишотии Узбакистон бархе аз одамони наздики Гулнора Каримоваро бо айби ҳамдастӣ дар фасодкории марбут ба гирифтани ришваи бузурги духтари президент аз ширкатҳои мухобиротӣ боздошт карданд. Ин парвандаро ниҳодҳои тафтишотии ИМА ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд. Дар миёни боздоштшудаҳо шавҳари ғайрирасмии Гулнора Рустам Мадумаров низ ҳаст. Ҳамчунин ёвари шахсии духтари президенти Ӯзбекистон Гаяне Авакян боздошт шуда буд.
Дар моҳи майи соли 2014 Мадумаров ва Авакян дар одамрабоӣ айбдор дониста шуда, бо қарори Додгоҳи низомии Узбакистон мутаносибан ба 9 ва 6 сол зиндонӣ шуданд. Шахси рабудашуда Нурмуҳаммад Содиқов буд. Ба гуфтаи Надежда Атаева, ҳамаи амалҳои тафтишотӣ ва муҳокимаи додгоҳии нафарони наздик ба Гулнора Каримова, аз ҷумла суди Содиқов, паси дарҳои пӯшида анҷом шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |