Эълони номи ду вакили нав: Номзади ҲХДТ шикаст хӯрд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурии Тоҷикистон натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ барои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро эълон кард.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Эмомалӣ Насриддинов, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзад аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо 83,4 фоизи овозҳо пирӯз шудааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 Баҳодур Акрамзода, номзади худпешбар бо 58,5 фоизи овозҳо ғолиб шудааст. Дар ҳавзаи Ҷаббор Расулов номзади ҳизби ҳоким - Алиҷон Саидзода, ки раҳбарии дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафарободро ба уҳда дошт, шикаст хӯрдаст.
Ғолибони ин интихобот акнун дар Маҷлиси намояндагон курсиҳои холимондаи собиқ вакилони Маҷлиси намояндагон- Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзодаро соҳибӣ хоҳанд кард. Маҳмадалӣ Ватанзода чанде пеш ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Президент дар Маҷлиси Олӣ ва Комилҷон Саидзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |