Марди 63-солаи маст худро ба дарё андохта, ба ҳалокат расидааст
Як сокини 63-солаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ғарқ шудааст.
Як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Озодагон” гуфт, ин мард дар ҳолати мастӣ худро ба дарё андохтааст. Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса соати 15:30-и 9 апрел ба вуқӯъ пайвастааст: “Мустафоқул Шоимови 63-сола, сокини рустои Меҳнатобод ва Абдуҳалим Отаҷони 63-сола, сокинони деҳаи Баракат дар ҳолати мастӣ худро ба дарё меандозанд. Дар натиҷа Шоимов ғарқ мешавад, Абдуҳалим Отаҷонов дар ШКД-и вилояти Хатлон мавриди бозпурсӣ қарор дорад”.
Ба иттилои манбаъ, дастаи ситоди наҷотдиҳии вилояти Хатлон аз 10 апрел ба ҷустуҷӯйӣ ҷасади Мустафоқул Шоимов машғул аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |