Посухи сафорат ба изҳороти Отунбоева оиди “гурез”-и Э.Раҳмон аз баҳсҳои марзӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба изҳороти собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон дар мавриди худдории Эмомалӣ Раҳмон аз баҳси масоили марзӣ посух додааст.
Роза Отунбоева, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои баррасии масоили марзӣ сари мизи музокирот даъват мекардааст: “Дар бораи мушкилот суол мекардам, роҳҳои ҳалашонро пешниҳод менамудам, аммо ӯ бо ҳар васила аз ин баррасиҳо канорагирӣ карда, маҷрои суҳбатро тағйир медод”.
Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар посух ба Отунбоева изҳор доштааст, ки музокирот дар бораи муайян ва аломатгузории марз бо ҷониби Қирғизистон ҳамеша дар ҳамаи сатҳҳо сурат гирифтаанд: “Ин масъала борҳо дар сатҳи роҳбарони давлат, сарвазирон, вазирони умури хориҷӣ баррасӣ шуда, пайваста ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ гузаронда мешавад”.
Сафорат бо зикри мушкилоти масъала, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, даргириҳои марзии маргбори соли 2014 зикр кардааст: “Дар пайи даргириҳо барои сохтмони роҳ дар минтақаи баҳсбарангез ҷониби Қирғизистон яктарафа марзу гузаргоҳҳояшро баст, сафирашро аз Душанбе бозхонд кард. Аммо мо тавонистем, масъаларо аз мухолифат ба роҳи мусолимат кашем”.
Манбаъ афзудааст, ки дар пайи музокирот феълан ҷонибҳо дар бораи аломатгузории 520 километр марз ба мувофиқа расидаанд ва дар назар аст, ки созишномаи расмӣ дар ин бора моҳи майи соли равон зимни сафари расмии Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба Душанбе имзо шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |