Пайвандони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ: Ба мо гуфтанд мурофиа 19 апрел идома мекунад

Наздикони аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, мурофиаи навбатии додгоҳӣ 19 апрел муқаррар шудааст.
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби боздоштшудаи раиси ҲНИТ имрӯз, 11 апрел ба “Озодагон” гуфт, ба онҳо хабар додаанд, ки 19 апрел мурофиаи додгоҳӣ аз сар гирифта мешавад: “Имрӯз барои шавҳарам хӯрок бурдам, он ҷо гуфтанд, ки баъди 8 рӯз мурофиаи додгоҳӣ баргузор мешавад”.
Муҳаммадиқбол Ҳусайнов, писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ низ мегӯяд, ба хабарҳои онҳо мурофиа рӯзи сешанбеи оянда идома хоҳад кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бино ба иттилои Додгоҳи олӣ мурофиаи 13 узви боздоштшудаи ҲНИТ ба анҷом расида, ҳайати додгоҳ дар хонаи машваратӣ қарор дорад.
Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит ҳамроҳ бо 11 аъзои дигари раёсати олии ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 баъд аз амалиёти мақомот алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ин афрод қасди фирор аз кишварро дошта ва “бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон” дастгир шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |