Ҳукумат: 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил шавад!

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров аз ташкили иди нав-Рӯзи Президент ҷонибдорӣ кардааст.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 2-и қонуни «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод гардидаст, 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Манбаъ афзуд, тағйироти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудаст: “Лоиҳаи Қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст”.
Масъалаи мазкур ба ҷаласаи рӯзи 15 апрели Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ пешниҳод шудаст.
Қаблан Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки дар лоиҳа иди нав ҳамчун Рӯзи Президент пешниҳод шудааст: “Аммо беҳтар аст, ки ин сана ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад, зеро Президент дар ниҳодҳои дигар, аз ҷумла дар Академияи илмҳо низ ҳаст. Аммо Пешвои Миллат як нафар аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |