Шӯрои уламо дар бораи танфурӯшии занони тоҷик аз ночорӣ дар Русия
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба суол оиди танфурӯшии занони тоҷик аз ночорӣ дар Русия, аз қавли ҳакиме посух додаст, ки зани покдоману бо иффат аз гуруснагӣ мемираду, аммо аз ҳисоби номусаш намехӯрад.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки “ҳоло дар Русия занҳо ва духтарони зиёди тоҷик кор мекунанд. Мушкилоти муҳоҷират ва шароитҳои ғайричашмдошт як қисме аз онҳоро ба танфурӯшӣ водор мекунад, хоҳиш дорем дар ин маврид чизе мегуфтед?”
Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳама ҷо, дар ҳама мардум вуҷуд дорад, набояд ин сабаби танфурӯшии шахс гардад. Марду зани мусалмон дар ҳама ҳолат номусашро бояд ҳифз кунад, ҳалли мушкилоти моддӣ ва маънавияшро аз Худованд талаб кунаду меҳнату заҳмат бикашад. Зеро зино аз нигоҳи ҳамаи адёнҳои осмонӣ ҳаром ва мамнӯъ аст. Касе ба зино даст мезанад, ба ғазаби Худованд гирифтор мешавад. Худованд занони мусалмонро аз ин корҳои зишт дар амон нигаҳ дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |