Ҳабси пешакии Сергей барои тирпаронӣ ҷониби Сулаймон ва даъвати сафорат барои таҳқиқи мунсифонаи қазия
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хостори баррасии мунсифонаи қазияи ба сари як тоҷик тир холӣ кардани марди рус шудааст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 11 апрел ба “Озодагон” гуфт, сафорат бо ирсоли як нома таҳқиқи мунсифонаи қазияро талаб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳ Сергей Тсарев, марди 58-солаи русро, ки ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон аз таппончаи пневматикӣ се тир холӣ кард, то 9 июн ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, нисбати Тсараев бар пояи моддаи суиқасд ба куштор парванда боз кардааст ва дар сурати исботи ин гуноҳ ӯро 11 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Тсараев шоми 8 апрел дар стансияи метрои Калужская ба сари Сулаймон Саидов, шаҳрванди Тоҷикистон аз таппончаи пневматикӣ се тир холӣ кард. Сулаймон ҳоло дар беморхона қарор дошта, табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |