Посухи муфтӣ: Чаро ноиби вазир бо баҳои ҷон зидди давлат хест?

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон аз кулли ҷавонони кишвар даъват ба амал овард, то аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, ки ҳадафи асосиашон ноором кардани давлатҳост, худдорӣ намоянд.
Ҷаноби Абдулқодирзода ин нуктаро имрӯз, 8 апрел зимни мавъизааш дар намози ҷумъа изҳор дошта гуфт, ҳаммаи ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, ки имрӯз боиси нооромии ҷаҳони Ислом гаштаанд, аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ мешаванд, ва ҳадафашон нобуд сохтани Ислому мусалмонон аст.
Абдулқодирзода барои мисол аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта ёдовар шуда гуфт, аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ шуда ошубҳоро ташкил карданд “Муовини вазири мудофиа зидди давлат мехезад, ҷонашро ба хатар мегузорад. Барои чӣ? Барои он ки муттаҳам аст. Барои ин ки пул гирифтааст”.
Абдулқодирзода инчунин аз баромадҳои аъзоёни ин ҳизб дар гӯшаву канори дунё ёдовар шуда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки фирефтаи чунин суханҳои дуруғ, ки барои ноором кардани ҷомеа садо медиҳанд, нагарданд: “Худо нокарда нооромие шавад, онҳо омада зиндагии шуморо обод намекунанд, аз пайи кору бори шумо намешаванд. Онҳо танҳо дар фикри нооромианд”.
Муфтии Тоҷикистон гуфт, абарқудратҳо давоми солҳо миллион медиҳанду баъдан миллиард карда мегиранд. Ба гуфтаи муфтӣ абарқудратҳо ҳамеша барои нобуд кардани мардуми мусалмон ҳадаф доранд, барои ба даст овардани манфиатҳои хеш мекӯшанд: “Аз рӯзе, ки мардуми мусалмон ба гуруҳҳову фирқаҳо тақсим шуданд, мусибату сарсонӣ дар миёни онҳо пайдо шуд. Иллати ин ҳама дар Ислом нест. Иллати ин ҳама дар мусалмон аст. Зеро ислом 1400 сол боз инсонҳоро ба сӯи ваҳдат даъват мекунад, на ба чангу хунрезӣ”.
Абдулқодирзода дар идомаи мавъизааш аз боби мазҳаби ҳанафӣ суҳбат карда, гуфт, равияву фирқаҳое ки фаъолияташон манъ шудаанд, ҳадафашон танҳо дар байни мусалмонон ихтилоф андохтан аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |