Бахшҳо

Ташкили ду иҷозатномаи нав: Барои пур кардани буҷа ва...

Дар пасманзари интиқодҳои қаблӣ аз теъдоди зиёди иҷозатномаҳо барои фаъолият дар Тоҷикистон, парлумони кишвар 6 апрел аз ташкили боз ду иҷозатномаи нав ҷонибдорӣ кард.

Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро қабул намуд, ки бар асоси операторони низоми пардохт бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни шарҳи ин лоиҳа ҳадаф аз тағйирот, таъмини шаффофияти фаъолияти терминалҳои низоми пардохт, пурзӯр намудани назорат ва ворид намудани иловапулиҳо ба буҷаи Тоҷикистон мебошад.

Тибқи иттилои раиси Бонки Миллӣ дар Тоҷикистон феълан 3 900 шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва ташкилотҳои қарзӣ бо терминалҳои худкори низоми пардохт, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта шудааанд, фаъолият доранд.

Инчунин бар асоси тағйироти иловашуда ташкилотҳои қарзие, ки мехоҳанд бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият кунанд, бояд иҷозатномаи махсуси Бонки Миллиро гиранд.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта зимни як ҷаласаи парлумон таъкид гардид, ки теъдоди иҷозатномаҳо дар кишвар зиёд ва бояд кам карда шаванд. Зимни ҷаласа зикр гардид, ки феълан дар низоми иҷозатдиҳии кишвар 72 намуди ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудаанд ва дар назар аст, ки ин теъдод дар оянда то 50 адад кам карда шавад.
Мӯҳр
Мухтарам раиси бонки мили ман як подсказкаи дигар ба шумо мегуям!- оиди истифодабарии гази оксигенд аз фазои Точикистон ва кадам задан дар болои хоки точикистон боз ичозатнома чори кунед буча боз бойтар мегардад. Дигар аклатон кор намекунад, ки корхонахои истехсоли сохта ва чохои кори мухаё кунед то ки ба буча андоз ворид шавад, фикр карда факат бо истисмори мардум бучаро гани кунеду маишат карда гардед. Шумо ба онхо ба мисли 80 дираматон ба алокахои мобили иловапули дохил мекунеду онхо ба мичозон, ки боз чабр дар сари ки, халк. Шумо кай аз зулм бар сари мардум даст мекашед.

АКСИЗ БА ХАВОИ ТОЗА! УРА Ба парлумон барои тасдик!!!

Рост мегуй брат- азоне ки андозро боло мебаред ё боз имкони андозгириро барои бучаи хтон мебардоред -намешава ба чои ин имконияти бисёр дихед барои бисёр шидани сохибкорон -хамин конунхои фачу бемаънитон аст ки -сармоягузор тарафи точикистон тов намехра

шахрванд
Ба чони мардум чабр накунед. Халкро душмани худ насозед!!!

Иктисодчи
Дар хакикат ин икдом саривакти мебошад, зеро ходисахои охири кишвар нишондод,ки бисери маблагузории хоинон тавассути чунин дастгоххо амали шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)