Таъкиди Душанбе ва Маскав ба иттиҳод алайҳи ДИИШ
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, зимни машваратҳои сиёсӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зарурати иттиҳоди нерӯҳо алайҳи созмони террористии “Давлати исломӣ” таъкид шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод Олег Сиромолотов, ноиби вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо зикри зарурати муборизаи муштарак бо терроризм, алайҳи сиёсикунӣ ва стандартҳои духӯра дар ин раванд баромад кардаанд.
Ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба коҳиши хатарҳои террористию дигар таҳдидҳои ҷиноӣ аз ҷониби Афғонистон зоҳир кардаанд.
“ДИИШ” дар ҳоле мавзӯи меҳварии машваратҳои сиёсии Душанбею Маскав шудааст, ки Григорий Карасин, муовини дигари вазири корҳои хориҷаи Русия теъдоди ҷангиёни “ДИИШ”-ро дар Афғонистон 6000 нафар гуфтааст, ки дар 25 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон ҷой гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |