Бародари “Зафар бедняк”: Як рӯз қабл аз куштор маро таҳдид карда буданд
Наздикони Зафархон Азимов, мулаққаб ба “Зафар бедняк” мегӯянд, аз ҷараёни тафтиши парвандаи қатли ӯ норозӣ ҳастанд.
Зафархон Азимов моҳи феврали соли равон кушта шуд ва мақомот бо иттиҳоми қатли ӯ Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов, ки ҳамчун “Эмом хубак” маъруф аст, боздошт карданд. Алайҳи ӯ бо моддаи 104, қисми 1 (куштор)-и Кодекси ҷиноятӣ парвнда боз шуда, бино ба иттилои дарёфтӣ тафтиши он аз сӯи додситонии шаҳри Душанбе дар ҳоли анҷомёбист.
Алишер Азимов, бародари “Зафар бедняк” имрӯз, 7 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, куштори Зафархон аз рӯи хусумату қасосгирӣ ва бо маслиҳати пешакӣ сурат гирифта, алайҳи Обид Мақсудов бояд бар асоси қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне куштор бо бераҳмии махсус ва бо маслиҳати пешакӣ парванда боз шавад. Ӯ мегӯяд, як рӯз қабл аз ҳодисаи куштори бародараш амаки Обид Мақсудов -- Искандар аз Дубай дар як тамоси телефонӣ ба ӯ таҳдид кардааст: “Гуфт, ки додарат -- Зафарро бигӯ ба корҳои мо дахолат накунад. Фармон додаам ва бубин, ки ду рӯз пас бо додарат чӣ мекунанд”.
Сабаби ин таҳдидро Алишер дар ҷанҷоле медонад, ки пештар дар Наврӯзгоҳи пойтахт сар задааст: “Бародари ман зуд онҷоро тарк мекунад, аммо Обид фикр кардааст, ки Зафархон ин ҷанҷолро ташкил кардааст”.
Ба гуфтаи ӯ, бародараш тоҷири муваффақ буд ва рақибони тиҷоратиаш, ки мисли вай тавонманд набуданд, роҳи ягонаро дар куштани ӯ диданд. Алишер Азимов афзуд, гузашта аз ин, се нафаре ки замони қатли бародараш ҳамроҳи Обид Мақсудов будаанд, бояд ҳамчун иштирокчии ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шаванд: “Танҳо як нафари онҳо боздошт шудааст ва онро ҳам танҳо дар хабар надодан аз ҷиноят муттаҳам медонанд. Тибқи шоҳидии Суҳроб, ки ҳамроҳи Зафархон буд, худи Обид Зафархонро даъват мекунад. Вақте бародарам аз мошин фаромада ба ӯ наздик мешавад, Обид бо корд мезанад. Ин ки мегӯянд ба қайчӣ задааст, дурӯғ аст”.
Алишер ҳарфҳои Обид ва падараш -- Эмом Мақсудовро, ки гуфтанд, Зафархон аз онҳо 110 ҳазор доллар қарздор буд, беасос мехонад. Ӯ таъкид кард, агар бародараш воқеан аз Обид қарзор бошад ва инро собит созанд, барои баргардондани он омода аст: “Лекин ин ҷо гап сари қарз нест. Баҳси 110 000 долларе, ки Эмом Мақсудов дар як мусоҳибааш зикр кардааст, комилан чизи дигар аст ва бо Зафархон ягон рабт надорад. Он баҳси бародарам Ҷамшед буд, ки тариқи мурофиаи судӣ моҳи июли соли 2015 ҳалли худро ёфт ва ҳисобҳо баробар гардид”.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо олоти дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".
Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Мақсудов сабаби муноқиша бо Азимовро маблағ гуфтааст: “Сабаб сум буд. 110 ҳазор доллари амрикоӣ аз ман қарздор астӣ гуфт ва наистод, ки маро гӯш кунад. Гапҳоямон пасту баланд рафт, боз дашном дод. Дигар ман контролро аз даст додам”.
Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш ду бор барои авбошӣ суд шудааст.
Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмом хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Зафархон Азимовро яке аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мекунанд, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.
Дар акс Зафархон Азимов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |