Уфти бесобиқаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии FIFA
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) якбора 14 зина поин рафта, миёни 204 тими миллии кишварҳои ҷаҳон дар мавқеи 164-ум қарор гирифтааст.
Бар асоси рейтинги FIFA, ки имрӯз, 7 апрел нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 149 имтиёз, ки нисбати моҳи қаблӣ 44 хол камтар аст, аз мавқеи 150-уми раддабандӣ то зинаи 164-ум поин рафтаст.
Дар садри раддабандӣ тими миллии Аргентина, Белгия, Чилӣ ва дар охири он Эритерия Сомалӣ, Тонго қарор доранд.
Уфти бесобиқаи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA дар ҳолест, ки ахиран дар сабқат бо тими Австралия бо ҳисоби 7:0 ва бо Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд. Дар пайи пирӯзӣ бар Тоҷикистон тими мунтахаби Қирғизистон бори аввал ба садгонаи раддабандӣ ворид шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |