Ятимов дар бораи Пешво, психологияи ҷамъият ва хиёнату амният

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як мақолаи илмӣ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба тафсири равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ пардохта, зарурати Пешво, масоили бегонапарастӣ, хиёнат, сафарҳо ба Сурия ва роҳи наздиктарини баровардани инсонҳо аз гумроҳиро баррасӣ кардааст.
Ятимов таъкид кардааст, ки муборизаи миллат барои соҳибихтиёрӣ, ҳифзи марзу бум, таъмини рушди миллӣ дар рақобатҳои ниҳоят сангину нангини байни миллатҳо, ҷонфидоиву хиёнатҳо, бурду бохтҳо дар тӯли таърих аз омилҳои муҳимтарини шаклгирӣ, рушд ва ҳамчунон рукуди психологияи ҷамъиятӣ мебошанд.
Ӯ зикр кардааст, ки омили психологияи ҷамъиятӣ дар мадди назари доимии мухолифони давлатдории миллии мо ҳастанд: “Кӯшишҳои суистифода аз нуқтаҳои заъфи он тавассути душманони давлатдории миллӣ ба тарзи доимӣ мадди назар гирифта мешавад. Ин падидаро дар муқобили ҳар зуҳурот ва ташаббусе, ки метавонад ба рушди миллӣ, сулҳу субот дар ҷомеа созгор бошад, мушоҳида кардан мумкин аст”.
Ба навиштаи Ятимов иқрор бояд гашт, ки хиёнат ба Ватан, муддатҳо зери асорат мондани миллат, аз даст додани бутунии қаламрави кишвар, ба ҷангу хунрезӣ кашидани мардум, зери шубҳа монондани мавҷудияти давлати миллӣ, ташвиқу тарғиби ҳисси бегонапарастӣ ба рӯҳияи миллӣ ва характери миллӣ бетаъсир намемонад: “Дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя онро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Дар асоси ҳамин таҷрибаи таърихӣ, таҳлил ва арзёбии воқеият, яке аз асосгузорони материализм барҳақ таъкид мекунад: "Аз оне, ки полякҳо аз худ камбудӣ ба намоиш мегузоранд, гуноҳи ғосибони сарзамини онон мебошад".
Муаллифи мақола дар мавриди зарурати Пешво, Роҳнамо ва қутбнамо барои миллат чунин навиштааст: b]“Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи олии рафтори ватанхоҳона дар ин раванд аз муҳимтарин омилҳост. Аммо эътирофи он нукта зарур аст, ки мушкилтарин масъала барои халқу миллатҳо доштани сарвар, шахсияти воқеан таърихӣ бо тавоноии таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу субот ва ягонагии миллат дар давраи фоҷеабори таърихӣ мебошад.
Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд. Қисмати баркамол ва ҷавони имрӯза, ки мутаносибан - наслҳои асри гузашта ва муосир мебошанд, шоҳиди онанд, ки шахсиятҳои бузург ба хотири сохтан, аз нобудӣ эмин доштан, бақо гузоштан, ҳимоя кардан ва рушду нумӯи давлату миллат ба ин унвон ва мартабаи олӣ ноил гаштаанд. Ин омили объективӣ ва тақозои аслии давраи муайяни таърихии як миллат аст. Вазъ, ҳолати воқеии ҷомеа чунин шароитро объективона тавлид мекунад. Хулосаи хирадмандонаи Арасту, ки баъдан аз ҷониби дигар мутафаккирон ва давлатмардон бо тобишҳои гуногуни мантиқӣ иброз доштаанд: "То он андозае, ки шахс вазъиятро ба вуҷуд меорад, то ҳамон дараҷа вазъият ҳам шахсияти ба он мувофиқро рӯи саҳна меоварад", натиҷаи таҳлил ва арзёбии таҷрибаи таърихии чандинкарата тасдиқгардидаи олам аст.
Таъкиди он нукта зарур аст, ки зуҳуроти доштани Пешво, Роҳнамо, Сарвари хирадманд ҳатман ҷузъи имконот, иқтидор, нишонаи муҳими дараҷаи рушд ва маънавиёти миллӣ эътироф карда мешавад. Он навъи зуҳуроти сиёсии таҳлил, арзёбӣ, хулосабарорӣ ва вокуниши миллат ба таърихи қадим, нав ва махсусан навтарини хеш, бештар аз ин, нигаронӣ ба тақдири ояндаи наздиктарини миллат, давлатдории миллӣ ва амнияти худи ҷомеа аст. Ин падида, воситаи муҳими сарҷамъӣ, ваҳдат ва худҳифозатии миллат мебошад. Миллате, ки қудрати маънавиаш ба шинохт, пешниҳод, пуштибонӣ, эътироф ва сидқан пайравӣ намудан аз Пешвои худро дорад, дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои муосир шикастнопазир аст. Он аз сифати миллат ҳам шаҳодат медиҳад. Сифат ва ахлоқи миллат бошад, маъмулан, дар сиёсат... нақши ҳалкунандаро мебозад. (Morghenthay G. Politics Among Nations The struaggle for Power and Peace", New York, 1964, p.126). Ба тарзи дигар, ӯ бо дарки фаҳми моҳияти алоқамандии падидаҳои ҷамъиятӣ, тавони дар онҳо ошкор намудани раванди монандӣ ва тазодҳо, дар муқоиса гузоштани зуҳуроти олам, минтақа ва сарзамини аҷдодӣ ба хулосаҳое меояд, ки мунҷар ба тасмимгириҳои сиёсии барояш ҳаётан муҳим мешавад. Аз назари антропологӣ он як шакли дастрасӣ ба иммунитети худҳифозатии миллат мебошад.
Миллатҳои ноком бо вуҷуди шумораи шастмиллионӣ ва аз ин ҳам зиёдтар соҳиби давлат нагашта, садсолаҳо мубориза мебаранд. Ҳазорҳо нафарро талаф медиҳанд. Ононе, ки ҳамакнун бо вуҷуди доштани таърихи куҳани давлатдорӣ, даҳсолаҳо ба ҷангу ҷидол ва кашмакашиҳои беохир кашида ва ғарқи фитна шудаанд, аз надоштани Раҳбар, Пешво ба ин ҳол гирифторанд. Дар оянда ҳам кори онҳо саҳл нахоҳад буд. То замоне, ки ин фаҳми умумимиллӣ насибашон нагардад.
Бахти миллат дар мавҷудияти марди тавонманд ва қутбнамои миллат аст. Бояд таъкид намуд, ки назария ва аз ҳама муҳим, амалияи доштани Пешвои сиёсӣ дар илм, алалхусус тадқиқоти Ғарб, мафҳуми маъруф аст.
Г. В. Гегел, ки дар таърихи афкори фалсафии инсоният нақши махсусан муҳим бозидааст, маҳз бо ишора оид ба ҳамин гуна шахсиятҳои таърихӣ менависад: «Ба ғайр аз неру ва қуввае, ки ин гуна шахсиятҳо доранд, дар ниҳоди онон бояд иловатан махзани маълуми пурмуҳтавои ирода бошад. Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург, инсон дар худаш хислат ва характери бузургро ошкор месозад, ӯро ҳамчун қутбнамо барои дигарон муаррифӣ менамояд» (Гегел Г. В., Философия духа, М., «Мысль», 1977, саҳ.77).
Хушбахтии миллати тоҷик аст, ки аз чунин вафодории тақдир бархӯрдор мебошад. Дар ҷараёни дарки ҳастӣ, воқеияти олам, манфиатҳои миллӣ ва вобаста ба он шаклгирии маънавиёт ва характери миллӣ, ин омил аз муайянкунандаҳост.
Дар пайравӣ ба Пешвои миллат, ба ҳаёт, корнамоӣ, ҷонфидоӣ, натиҷаи амали таърихӣ ва зиндаи ӯ ҳис, дарк, фаҳм ва андешаи миллӣ, ки ҷавҳари онро амн ва рушди миллӣ ташкил мекунад, шакл мегирад. Наслҳо дар мисоли корномаи ӯ тарбия мешаванд. Он сарчашма ва пояи аслии пайдоиши рӯҳи миллӣ мебошад. Тавре таъкид гардид, ин раванд мансуб ба давраи рушди як миллати алоҳида нест. Таҷрибаи дунёи қадим ва навин аст. Қаҳрамонҳои воқеии зиндагӣ, қаҳрамонҳои миллӣ, ки ҳаёти худро ба ҳастӣ ва рушди миллӣ бахшидаанд, ҳамчун меъёр - намуна ва натиҷаи дарки таҳлили реалияти объективӣ буда, ба рӯҳия ва маънавиёти хоси миллат муассир мебошанд”.[/b]
Ятимов ҷои таассуф хондааст, ки дар шароити имрӯзаи набардҳо барои сохтани чаҳонбинии мувофиқ ба манфиатҳои миллӣ, вазъ ба фоидаи суботи ҷомеа нест: “Гумроҳии гурӯҳи муайян, ки аз худшиносии миллӣ фосила мегиранд, дар осиёби бегонагон об мерезанд, байни эҳсос ва идрок сурат мегирад... Шахси гумроҳ бо эҳсоси таҳмилгардида, тани танҳо мемонад. Нисбат ба Ватан ва Миллати хеш ҳис ва амали душманонаро раво мебинад. Озими Сурия мешавад. Омодагӣ ба дигар аъмоли ҷинояткоронаи экстремистӣ - террористӣ мебинад. Асли фоҷеаи миллатҳое, ки мардуми он тавассути бегонагон ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳандаи раванди худсӯзӣ истифода мешавад, ҳамин аст”.
Раиси Кумитаи амният масъалаи муҳимтарини илмро посух додан ба саволи "чаро?" хондаст: “Сабаб - муҳит, замон ва макони он, ки барои чӣ як нафар тоҷик нисбат ба хоку об, Ватани аҷдодӣ, падару модар ва манфиатҳои миллии хеш, бар ивази пул ба манфиати бегонагон хизмат мекунад, ошкор шавад. Ҳарчанд возеҳу равшан аст: хиёнат сангинтарин ҷиноят, амали комилан беоқибат, мунҷар ба лаънаткардаи миллат аст. Тавоноии ҷомеа, сохторҳои давлатӣ аз донистан, маълумот доштан оид ба зинаҳои ба саргумӣ афтодани ҷомеа, алалхусус ҷавонон, вобастагӣ дорад. Душман ҳам медонад, ки эҳсос зинаи аввалӣ, ибтидоии гирифтани маълумот аст... Афрод, гурӯҳҳои муайян, қувваҳои маълуми геополитикӣ манфиатдор нестанд, ки ин ҳиссиёт то дараҷаи фаҳм, қобилияти дарк кардан, фарқ кунондан аз зоҳир то умқи масъала рушд ёбад”.
Ба ақидаи Ятимов ҷараёни азхудкунӣ, донистанҳо аз шубҳа карданҳо, зери суол гузоштанҳо, баҳс карданҳо дар атрофи воқеот ва рӯйдодҳо дар табиат, ҷамъият ва тафаккур оғоз мегардад: “Аз Эйнштейн пурcидаанд: "Бузургтарин дар дунё - кашфиёти назарияи эҳтимолиятро чӣ гуна муяссар гаштӣ?" Посух дод: " Дар натиҷаи зери шубҳа гузоштани аксиома (ҳақиқати баҳснопазир)". Ононе, ки манфиатдори аз дониш, донистан, дур аз фаҳми воқеият мондани ҷомеа ҳастанд, бо як калимаи одии яктарафа - "шаккок", пеши роҳи ҷараёни ҳаракати эҳсосро то ақл, идрок, фаҳм мегиранд”.
Муаллиф навиштааст, ки фард ва гурӯҳҳои ҷамъиятии муайяни дохилимиллӣ дар доираи таъбире, ки "ба онҳо ҳам чизе мерасад", аз рӯи фаҳми "Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад" амал мекунанд: “ Формулаи гаравиш ба Сурия, ба ҳама гуна ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ, "хиёнат ба манфиатҳои миллӣ, ба ҳамин монанд, хомӯшии айёрона ва дампоӣ бо нигоҳи дуздонаи чорсӯӣ"-и (таъбири J. Merashheimer) бетарафон низ тақрибан ҳамин аст”.
Ба гуфтаи Ятимов дараҷаи тафаккуре, ки ҷомеаро пеш мебарад, хирад (фаҳм, фаросат, идрок, зиракӣ, заковат, ҳушёрӣ) аст: “Он зинаи баланди эҳсос ва идрок мебошад. "Ҳукмронии инсон - ҳукмронии ақлу фаросати ӯст" (Фейербах Л., "История философии", в двух томах, том 2, М., "Мысль", 1967, стр. 402).... Агар аз нигоҳи абстраксияи антропологӣ бигирем, тақдири миллат, тақдири як Инсон аст. "Ҳар шахс меъмори тақдири хеш мебошад", - гуфта шудааст дар як масали англисӣ (Every man is architector of his life). Аз мост, ки бар мост. Он чизе, ки имрӯз мерос ба мо мондааст, қисман ҳам бошад, эътироф бояд кард, асосан, натиҷаи ҳамин гуна муносибат ба тақдири таърихӣ аз ҷониби худи мо аст. Аммо, ба инобат бояд гирифт, ки таърих ниҳоят сангдил аст. Ба нолиш карданҳо, афсӯс хӯрданҳо, шеъру сурудҳои шикоятӣ ва аламовари тақдир бо тамасхур менигарад. Чизи аз дастрафтаро қариб, ки барнамегардонад. Лекин омӯзгор аст. Фақат барои касоне, ки хоҳиши омӯхтан доранд”.
Дар идомаи мақола омадааст, ки солимии шуури муқаррарии ҷомеа баробар ба шумора ва сифати шуури аъзои ҷомеа аст: “На танҳо гурӯҳ, балки гаравидани як нафар ҳам ба асирии мафкураи террористӣ - экстремистӣ, зиддимиллӣ барои ҷомеа хатарзо аст. Ӯ метавонад ҳамчун намунаи бад сирояткунанда бошад. Ҳарчанд дар аввал ҷолиби таваҷҷуҳи хос нест. Зеро ягона аст. Ҳамчун миқдор шинохта мешавад. Фоҷеа он аст, ки шумораи зиёди ин гуна ашхос батадриҷ ба сифат - характеристикаи гурӯҳҳои зиёди ҷомеа мубаддал мегарданд. Ҷузъи системаи муносибатҳо мешаванд. Таъсиррасон мегарданд. Мехоҳанд сифатҳои муайянкунандагиро дошта бошанд. Фаъолияти гурӯҳӣ - нишондиҳандаи сифати маҷмӯи инсонҳост. Яке аз файласуфони маълум ва машҳури асри гузашта ҳушдор дода буд: "Тариқати хурд ҳам метавонад, аз ҷиҳати ғоявӣ муассир, амалан муқтадир шавад". Наполеон ҳам дар ин маврид хулосабарорӣ кардааст: "Баталионҳои бузург, доим ҳақанд". Солимии "баталион" - и мардумӣ дар доираи манфиатҳои миллӣ - гарави субот ва рушди ҷомеа мебошад”.
Саймуъмин Ятимов маърифатро роҳи наздиктарини аз гумроҳӣ баровардани инсонҳо донистаст: “Яке аз давлатмардони таърих, вақте ки ба дӯши ӯ масъулияти бузург меафтад, ҳангоми муроҷиат ба омма иброз медорад: "Дуруст, ки мо мардуми омӣ ҳастем. Дуруст, ки мо мардуми бесавод ҳастем. Аммо ин бадбахтӣ нест, агар мо майлу хоҳиши илм омӯхтан, саводнок гаштанро дошта бошем".
Ба гуфтаи Ятимов ягона омиле, ки роҳро аз эҳсос то идрок, фаҳм, хулосабарории саҳеҳ ҳидоят карда метавонад, маърифат мебошад: “Саводнок кардан, таъсир расондан ҷараёни одии сарбаста ва мавҳум нест. Муҳтавои он - ҳидоят ба роҳи дуруст, яъне самте, ки манфиатҳои миллиро дар назар дорад, равон кардан аст. Маҳз ба ҳамин мақсад донишро на танҳо васеъ кардан, аз ҳама муҳимаш ба умқи масъалаҳои рӯзмарра расондан аст”.
Раиси Кумитаи амният зиёиро қисми пешрав ва пешбари ҷомеа хонда, афзудааст: “Ӯ дар шаклгирии ақлу хиради омма, ки манфиати аслӣ - воқеии Инсонро дар худ таҷассум мекунад, масъулияти таърихӣ дорад. Нақши асосӣ, бузург ва муайянкунанда мебозад”.
Дар хулоса Саймуъмин Ятимов гуфтааст, ки маънавиёт ва ҳолати рӯҳии ҷомеа - омили муҳимтарини таъмини амнияти худи ҷомеа аст: “Шарт аст, ки маънавиёти ("ҳамаи он чи, ки ба олами рӯҳӣ ва ғоявию ахлоқӣ мансуб аст, олами ботинӣ", Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ. 1, Душанбе, 2010, саҳ. 823) ҷомеа - махсусан ядрои (мағз, асос, ҷон, «Русско-таджикский словарь», М., 1985, саҳ. 1238), он ба манфиати рушди миллӣ, ба хотири "бақои хонадони" Тоҷик - ҳамчун "мароми ҷисму ҷон" солим, содиқ ва созанда бимонад. Ин амал зарурат ба қувваи ҳаракатдиҳанда дорад. Ин неру олимон, омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг ва дигар қувваҳои пешбарандаи ватандӯсти ҷомеа мебошанд. Психологияи ҷамъиятии созгор ба амнияти ҷамъиятӣ дар чаҳорчӯби шуури муқаррарӣ (омма) аз он вобастагии кул ва ногусастанӣ дорад. Дар кори созандагии рӯҳшиносӣ ва маънавиёти миллӣ, шароити мусоиди таърихӣ баъд аз ҳазор сол, ҳамакнун, фароҳам омадааст. Набояд онро аз даст дод”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |