Маҳкумияти муҳоҷири тоҷик барои қатли роҳгузар дар Петербург
Додгоҳи шаҳри Санкт Петербург Ҷомӣ Нурхонов, шаҳрванди Тоҷикистонро барои қатли роҳгузар ва муқовимат ба корманди пулис ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти Русия ҳодиса шаби 5 августи соли 2013 дар ҳоле рух додааст, ки роҳгузаре Нурхоновро сарзаниш кардааст: “Дар вокуниш ба эродҳои роҳгузар, Нурхонов бо зарби корд ӯро маҷруҳ карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаст”.
Манбаъ ҷузъиёти муноқишаро ифшо накарда, изҳор медорад, ки роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷои ҳодиса фавтидаст. Додгоҳ Нурхоновро инчунин дар он гунаҳкор донистааст, ки ҳангоми боздошт ба кормандони пулис муқовимат нишон додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |