Дарёфти ҷасади Оятуллои 5-сола баъди 11 рӯзи бедаракшавӣ
Ҷасади Оятулло Идрисов, кӯдаки 5-солаи тоҷик, ки 25 март аз назди хонааш бедарак шуда буд, имрӯз, 6 апрел дар канали ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шудаст.
Қаблан Ситора Хокироева, модари Оятулло дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш аз назди манзилашон, рустои Падгари ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бедарак шудааст: “Фарзанди хурдиамро дар гаҳвора хоб мекардам, дидам, ки Оятулло дар назди дарвоза бо дучарха бозӣ дорад. Рафта таъкид кардам, ки аз ҳамин ҷо дур наравад. Аз байн 10 дақиқа гузашт, рафта бинам, велосипедаш ҳасту худаш не”.
Ҷасади Оятулло дар канале пайдо шудааст, ки аз назди ҳавлияшон мегузарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |