Душанбе, 7 Апрел 2025
Таассуф ва хулосаи сардори пулис аз марги Умаралӣ: Ҳуҷҷатгузориро дуруст мекунем...(ВИДЕО)

Сергей Умнов, сардори пулиси Санкт Петербург ва вилояти Ленинград мегӯяд, масъули кор бо ноболиғони пулис, ки Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷикро ба беморхона равон кард, метавонист, ӯро наҷот диҳад.
Умнов имрӯз, 6 апрел зимни ҳисоботаш дар парлумони Санкт Петербург дар посух ба суоли вакилон изҳор дошт, ки “ман ҳам чун шумо ва фикр мекунам, чун тамоми сокинони Санкт Петербург аз марги ин кӯдак афсӯс мехӯрам. Аммо мо бояд ба сабабҳои марг нигоҳ кунем. Ташхис нишон дод, ки маъмурини Хадамоти муҳоҷират ва пулис дар марги кӯдак даст надоранд”.
Сардори пулиси вилояти Ленинград изҳор доштааст, ки нозири пулис оид ба кор бо ноболиғон Умаралиро ба беморхона равон кард ва метавонист, ӯро наҷот диҳад, зеро кӯдак бемории вазнин доштаст: “Агар корманди пулис Умаралиро ба беморхона равон намекарду ӯ бегоҳи рӯз дар хона мефавтид, маъмури пулис ҳатман зиндонӣ мешуд”.
Сергей Умнов афзуд, ки дар ин қазия сухан бештар сари ҳуҷҷатгузориҳо меравад: “Мо аз ин ҳолат хулоса баровардем, ки чӣ гуна санадҳоро дуруст таҳия кардан даркор ва дар ин ё он ҳолат чӣ гуна беҳтар амал кардан даркор аст. Мо аз ҳар ҳолат барои худ хулоса мебарорем”.
Умаралӣ Назаров, навзоди тоҷик 13 октябри соли гузашта дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова аз сӯи пулиси ноҳияи Адмирали шаҳри Петербург дар беморхонаи Сембалина ба таври мармуз ҷон дод. Дар ташхиси такрории марги Умаралӣ гуфта шудааст, ки гӯиё Умаралӣ чанд рӯз қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд: “Дар баробари ин Умаралӣ ҳанӯз дар батни модараш бо ситомегаловирус сироят ёфтааст ва бемориҳо яке болои дигар зам шуда, бо марг анҷомидаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |