Зуҳуров ба вазир: Касе супориши Пешворо иҷро намекунад, бояд равад...
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз фоидаи ками кишвар аз пахтаю алюминий интиқод намуда, таъкид кард, ки фоидаи асосиро аз ин маҳсулоти Тоҷикистон хориҷиҳо мебинанд.
Зуҳуров, имрӯз, 6 апрел истеҳсоли ҳудуди 290 ҳазор тонна пахтаро дар Тоҷикистон кам хонда, коҳиши истеҳсоли пахтаро ба фоидаи ночизи он рабт дод. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, дар ҳоле пахтаи мо дар дохил бо нархи ночиз фурӯхта мешавад, дар хориҷ аз ҳар кило пахтаи Тоҷикистон то 300 доллари амрикоӣ фоида мебинанд: “Мо ҳамагӣ 6 фоизи пахтаи истеҳсолкардаи Тоҷикистонро дар дохил коркард мекунем, боқимонда содирот мешавад”.
Зуҳуров дар хитоб ба Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавриди фароҳам нашудани корхонаҳои коркарди пахта суол кард. Ӯ гуфт, масъалаи коркардаи пахта, мева ва дигар маҳсулот дар дохили Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои Миллат борҳо таъкид шудааст, аммо дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидаанд: “Ҳар нафаре, ки супориши Пешвои миллатро иҷро намекунад, бояд равад”.
Раиси Маҷлиси намояндагон фоидаи кишварро аз пахтаю алюминий дар маҷмуъ ҳудуди 100 миллон доллар гуфта, хеле кам хонд.
Дар посух Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эродҳои Зуҳуровро бамаврид хонда, илова намуд, ки барои беҳбуди коркарду истеҳсолот ниҳодаш пешниҳодҳои худро ироа хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |