Ҳимояти А.Ғоиб аз афзоиши ҷаримаи соҳибкорон барои қочоқи мол
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки афзоиши ҷаримабандии соҳибкоронро барои вуруди ғайриқонунии мол пешбинӣ намудааст, ҳимоят кард.
Раиси Хадамоти гумрук имрӯз, 6 апрел зимни баромадаш дар назди вакилон изҳор дошт, ки ҷаримаҳои феълӣ барои вуруди ғайриқонунии мол аз ҷониби соҳибкорон хеле паст мебошанд ва зарурати афзоиши онҳоро таъкид намуд. Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб бар асоси тағйироти пешниҳодшуда ҳаҷми ҷаримаи соҳибкорони инфиродӣ баробари арзиши моли ғайриқонунӣ воридкардаашон пешбинӣ гардидааст. Ӯ афзуд, ки ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ ду баробар аз арзиши моли ғайриқонунӣ воридкардаашошн зиёд хоҳад буд.
Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ин тағйиротро ташаббуси соҳибкороне гуфт, ки қонунӣ фаъолият мекунанд: “Соҳибкорон дар мулоқотҳо аз мо дархост намуданд, то ҷаримаи онҳое, ки молро тариқи қочоқ ворид мекунанд, зиёд гардад”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони дар хитоб ба Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид намуд, ки фаъолияти мақомоти гумрук низ беҳтар карда шавад. Зуҳуров дар ҷаласаи гузаштаи парлумон суол гузошта буд, ки “қочоқро кӣ ворид месозад? Ҳамон корманди гумрук. Корманди гумрук дар пост истодааст, мебинад, иҷозат медиҳад. Ва ба таври қочоқ, ки молро ворид карданд, кӣ ҷавобгар аст? Аввал гумрук, баъд ҳамон одами ҷинояткор”.
Маҷлиси намояндагон дар пайи баррасӣ тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки ҷаримаи бештари соҳибкорони қонуншиканро пешбинӣ кардааст, қабул намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |