Маҳкумияти Асроров барои ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон дар Узбакистон
Додгоҳи низомии Узбакистон, Шарифҷон Асроров, шаҳрванди ин кишварро дар ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора шабакаҳои давлатии телевизиони Узбакистон, шоми 4 апрел бо пахши як филми мустанад зери унвони “Хиёнаткор” хабар додаанд.
Тибқи ин филм, Асроров бо шаҳрванди Тоҷикистон хонадор шуда, ҳанӯз аз солҳои 90-уми қарни гузашта бо мақомоти махсуси Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардааст: “Асроров ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи мавқеи маҳбасҳо, қисмҳои ҳарбӣ, васоили мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва Бухоро иттилоъ медодаст”.
Пахши ин филм тариқи шабакаҳои давлатии Узбакистон дар ҳолест, ки ахиран коршиносон дар мавриди “обшавии ях”-и муносибатҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон суҳбат мекарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |