Бохти “Озодагон” дар сабқати ниҳоӣ бо тими “Ҷаҳоннамо” (АКС)
Дастаи “Озодагон” дар сабқати ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни идораҳои ВАО аз тими “Ҷаҳоннамо” шикаст хӯрд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ба ифтихори 86-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», имрӯз, 5-уми апрел бо ғолибияти дастаи “Ҷаҳоннамо” анҷом ёфт.
Дастаи “Озодагон” дар ҷойи дуюм ва тими ТВ“Варзиш” баъди шикаст додани дастаи “Ҷумҳурият” мақоми сеюмро соҳиб гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ бо иштироки Ризо Назарзода, ноиби раиси Кумитаи ҷавонон, Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва Нур Одина, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардида, ба ғолибони мусобиқа медалу ифтихорномаҳо супорида шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |