Бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Ғончӣ ду сокини Мастчоҳи Кӯҳӣ ба ҳалокат расида, 400 сар гусфанди дигар зери тарма мондааст.
Тавре аз дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи 5-уми ноябри соли равон тахминан соати 17:00 дар ағбаи «Оббурдон»-и наздикии деҳаи «Угук»-и ноҳияи Ғончӣ фаромадани тарма ба амал омадааст. Дар натиҷа, Исмоил Назирови 48- сола, истиқоматкунандаи деҳаи «Резгирф»-и ҷамоати деҳоти «Иван -Тоҷик» ва Мирзошариф Давлатови 46-сола, истиқоматкунандаи деҳаи «Даштак»-и ҷамоати деҳоти «Иван Тоҷик»-и ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳалокат мерасанд. Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин 400 сар гусфанди дигар зери тарма монда ҳалок шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр