Муаррифии китоби “Пешво-ифтихори миллат” дар Иттифоқи нависандагон (ВИДЕО)
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз муаррифии китоби тозанашри «Пешво – ифтихори миллат» хабар дод, ки пажӯҳишу хотироти олимон, адибон, сиёсатмадорони варзидаи кишварро дар бар мегирад.
Тибқи иттилоияи расмӣ китоб дар муассисаи «Ирфон» нашр шуда, мураттибаш Ҳабиб Сулаймонӣ ва муҳаррираш Садриддин Ҳасанзода мебошад.
Ба иттилои манбаъ дар пайи муаррифии китоб аз сӯи Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон, шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Меҳмон Бахтӣ, нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, академик Кароматулло Олимов ва дигарон чопи ин китобро иқдоми саривақтӣ унвон карда, “минбаъд гузарондани чунин чорабиниҳоро дар бобати инъикоси корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судманд арзёбӣ намуданд”.
Нашри ин китоб дар ҳолест, ки охири соли гузашта, маҷмӯаи шеърӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Пешво" аз чоп баромад. Инчунин Ҷовидон Нозимов, писари Зафар Нозимов ахиран таронаи “Эй Пешвои миллат” –ро хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун “Пешво, мушкилкушо ва қаҳрамони миллат” васф кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |