ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз раиси нави Роғун то президенти Академия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри 4 апрел дар бархе аз сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намудаст.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Билол Иброҳим - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон озод гардиданд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Каримзода Азизмадро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъин кардааст: “Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуд. Исмоилова Мунавара Сайдуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид”.
Дар мавриди тағйироти кадрӣ дар Академияи илмҳо дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академия озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Неъматзода Фаррух Неъмат низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат таъин шудаст: “Инчунин бо амри Президент Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |